
Ба гузориши Икно бо истинод ба хабаргузории «Анадолу», пас аз анҷоми тарҳи тармиме, ки моҳи ноябри соли 2021 оғоз шуда буд, ин масҷид қарор аст дар рӯзи аввали моҳи Рамазон бо зарфияти комил дарҳои худро ба рӯи намозгузорон боз кунад.
Идораи кулли бунёдҳои Туркия корҳои тармими ин масҷиди таърихиро анҷом додааст. Дар ин замина, Синан Аксу, мудири кулли авқофи Адирна, пас аз боздид аз масҷид гуфт, ки Масҷиди Селимия яке аз бузургтарин шоҳкориҳои меъмории усмонии асри XVI ин бор шоҳиди густардатарин тармим дар таърихи худ будааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин масҷид дар заминларзае, ки соли 1752 шаҳри Адирнаро ларзонд, осеби ҷиддӣ дида буд ва баъдан чандин маротиба тармим гардидааст.
Ҳамчунин Аксу афзуд, ки Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, пас аз анҷоми бархе корҳои ҷузъии ободонии саҳн ва тармими баъзе аз сохтмонҳои берунӣ, расман ин масҷидро ифтитоҳ хоҳад кард.
Масҷиди Селимия бо гунбади бисёр зебо ва чаҳор манорааш бар осмони пойтахти пешини Усмонӣ Адирна дар Туркия ҳукмфармоӣ мекунад.
Навоварии ба коррафта дар ин масҷид танҳо ба масоҳат ва андозаи он марбут нест, балки бештар дар тарҳрезӣ ва созмондиҳии дохилии он таҷассум ёфтааст. Меҳроб дар дохили як шоҳнишини тобуқмонанд ҷойгир шудааст, ки умқи он ба гунае тарҳрезӣ гардидааст, ки нури тирезаҳо аз се тараф ба он ворид мешавад.
4335035