
Ба гузориши Икно ба нақл аз расонаҳои фаластинӣ, ҳамзамон бо фаро расидани моҳи Рамазон, нерӯҳои режими саҳюнистӣ дар даромадгоҳҳои шаҳри Қудси ишғолӣ ва атрофи Масҷидул-Ақсо маҳдудиятҳои шадиди амниятӣ ҷорӣ карданд. Бо вуҷуди ин, ҳазорон намозгузори фаластинӣ шоми чаҳоршанбе бо ҳузур дар саҳнҳои ин масҷид намозҳои ишо ва таровеҳро адо намуданд.
Бар асоси ин гузориш, нерӯҳои ишғолгар аз вуруди фаластиниёни сокини Каронаи Бохтарӣ ба Масҷидул-Ақсо ҷилавгирӣ карда, барои шаҳрвандони фаластинии Қудси ишғолӣ низ маҳдудиятҳо ҷорӣ намуданд ва дар кӯчаҳои шаҳр истгоҳҳои сершумори бозрасӣ барпо карданд.
Расонаҳо таъкид карданд, ки намозгузорон бо вуҷуди иқдомҳои саркӯбгарона ва маҳдудиятҳои ҷорӣшуда аз сӯи ишғолгарони саҳюнист, маросими ибодии моҳи Рамазонро дар Масҷидул-Ақсо баргузор карданд.
Пешбинӣ мешавад, ки дар тӯли моҳи мубораки Рамазон шумори зиёди намозгузорон барои адои намоз ба ин масҷид муроҷиат хоҳанд кард.
Дар ҳамин замина, Шайх Акрима Сабрӣ, хатиби Масҷидул-Ақсо, пештар ҳушдор дода буд, ки бинобар сиёсатҳо ва иқдомҳои кобинаи ифротии режими саҳюнистӣ, шумори намозгузорони ин масҷид дар соли ҷории милодӣ коҳиш хоҳад ёфт.
4335549