
Ба гузориши Икно ба нақл аз «Ава», баргузорон иброз доштаанд, ки ин барнома бо мақсади тарғиби фарҳанги қуръонӣ, густариши фарҳанги мутолиа ва дастрасии шаҳрвандон ба осори динӣ ва фарҳангӣ баргузор гардидааст.
Ба иттилои пешниҳодшуда, ин намоишгоҳ аз рӯзи сешанбе оғоз ёфта, ба муддати як ҳафта боздидкунандагонро қабул мекунад.
Намоишгоҳи қуръонии Кобул бо истиқболи шаҳрвандони афғон, махсусан ҷавонон, рӯбарӯ шудааст ва алоқамандон метавонанд бо ҳузур дар он, аз нусхаҳои Қуръони Карим ва маҷмӯи китобҳои динӣ ва фарҳангӣ дидан ва истифода кунанд.
4335723