
Ба гузориши Икно ба нақл аз Al-Kafeel, ин мусобиқаҳо ба ҳиммати Маҷмааи илмии Қуръони Карими остони муқаддаси Абосӣ ва бо иштироки гурӯҳе аз қориёни 20 кишвари арабӣ ва ғайриарабӣ баргузор шудааст. Қисмати панҷуми давраи сеюм шоҳиди ҳузури се ширкаткунанда аз Эрон, Алҷазоир ва Индонезия буд.
Кумитае аз қориёни байналмилалӣ, аз ҷумла Шайх Муҳаммад Басюнии мисрӣ, Босим ал-Обидӣ ва Муштақ ал-Алӣ аз Ироқ, Шайх Муҳаммад Асфур аз Миср, Сайид Ҳаснайн ал-Ҳиллу аз Ироқ ва Сайид Карим Мусавӣ аз Эрон бар ин рақобатҳо назорат доранд.
Дар қисмати панҷуми ин барнома дар бахши бузургсолон Муҳсин Қосимӣ аз Эрон ва Мустафо Ҷадид аз Алҷазоир ва дар гурӯҳи ҷавонон Муҳаммад Иқбол аз Индонезия ҳузур ёфта, рақобат карданд.
Ин қисмат ҳамчунин мизбони «Шукрия Раҳио» аз бонувони ҳофизи Қуръон буд, ки дар 71-солагӣ сафари маънавии ҷадидеро оғоз карда ва бо вуҷуди куҳансолӣ ва чолишҳои зиндагӣ муваффақ ба ҳифзи Қуръон шудааст.
Ӯ пас аз шаҳодати ҳамсар ва бародаронаш, солҳои зиёдро бо ранҷу сахтӣ сипарӣ карда ва масъулиятҳои бузургеро барои тарбияти духтараш бар дӯш гирифтааст. Дар баробари мушкилот, сабур ва пурсабот будааст.
Шукрия Раҳио имрӯз бо имон ва иродаи устувор ба талоши худ идома медиҳад, то собит созад, ки дастёбӣ ба орзуҳо маҳдуд ба синну сол нест ва ирода, бо вуҷуди ҳамаи чолишҳо ва сахтиҳо, метавонад умед биофаринад.
4336520