IQNA

Таҳлил набард бо саҳюнистон дар Қуръон / 19

Ҳузур дар кӯчаҳо — мисоли “амри ҷомеъ” дар Қуръон

17:51 - April 05, 2026
рақами хабар: 4518
Дар Қуръони Карим “амри ҷомеъ” ба ҳар кори муҳиме гуфта мешавад, ки ниёз ба ҳамкорӣ ва ҳузури мардум дорад, ва ҷоиз нест касе саҳнаро бе иҷозати раҳбар тарк кунад.

Дар ҷараёни ҷанги хандақ, ҳангоме ки Паёмбар (с) бо анбӯҳи мусулмонон машғули канлани хандақ буданд, мунофиқон ҳар гоҳ чашми мусулмононро ғофил медиданд, ба хонаҳои худ мерафтанд. Дар ҳоле ки мусулмонони ростин аз Паёмбар (с) иҷозат мепурсиданд ва ба маҳзи поёни кор бозмегаштанд.  
Қуръон дар ояти 62 сураи Нур гурӯҳи аввалро мазаммат мекунад ва мефармояд:  


«إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ الَّذِينَ آمَنُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ وَإِذَا كَانُوا مَعَهُ عَلَى أَمْرٍ جَامِعٍ لَمْ يَذْهَبُوا حَتَّى يَسْتَأْذِنُوهُ»..  

Мақсад аз “амри ҷомеъ” ҳар кори муҳиме аст, ки ҷамъшавии мардум дар он зарурӣ ва ҳамкории онҳо воҷиб аст; бинобар ин, барои ҳар кори бузург, ки раҳбар ҳузури ҳамаи мардумро зарур медонад, ҷоиз нест шахсе саҳнаро бе иҷозати раҳбар тарк кунад.

Сипас мефармояд:  

إِنَّ الَّذِينَ يَسْتَأْذِنُونَكَ أُولَئِكَ الَّذِينَ يُؤْمِنُونَ بِاللَّهِ وَ رَسُولِهِ فَإِذَا اسْتَأْذَنُوكَ لِبَعْضِ شَأْنِهِمْ فَأْذَنْ لِمَنْ شِئْتَ مِنْهُمْ وَاسْتَغْفِرْ لَهُمُ اللَّهَ إِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ

«Онҳое, ки аз ту иҷозат мепурсанд, ҳамонҳоянд, ки ба Худо ва Паёмбараш имон доранд; пас агар барои баъзе корҳои худ аз ту иҷозат хостаанд, ту ба ҳар ки хоҳӣ иҷозат деҳу барои онҳо аз Худо мағфират талаб кун, ки Худо бахшандаву мехрубон аст».  

Ин оят бар ҷудошавии имон аз иҷозат гирифтан аз валӣ ё раҳбари Худо таъкид мекунад. Ибораи “шаъни онҳо” дар оят нишон медиҳад, ки ин иҷозат танҳо барои корҳои муҳим аст.  

Паёмбар (с) низ бо дарназардошти паёмадҳо ва таъсири ҳузури афрод иҷозат медоданд. Гарчи онҳо иҷозатдор мебошанд, аммо азбаски кори шахсиро бар кори ҷамъӣ авло донистаанд, ин кор навъе “тарки авло” буда, ниёз ба мағфират ва раҳмати Худо дорад.

Яке аз мазоҳири “амри ҷомеъ” дар ҷомеаи исломии Эрон — ҳузури пуршукӯҳи мардум дар кӯчаҳост, ки боиси шикасти тавтеаҳои душманон ва рӯҳбаландии размандагони ҳозир дар майдон шудааст; ва ғоиб будан бе узри шаръӣ дар он ҷоиз нест.

3496958

captcha