
Бино ба гузориши икно; ба нақл аз сомонаи рӯзномаи арабӣ «Ал-Мадина», ин мусобиқаҳо бо ташаббуси мушовири умури динии сафорати Арабистони Саудӣ дар Босния ва Ҳерсеговина ва бо ҳамкорӣ бо Маркази исломии Косово баргузор мешавад ва 100 ширкаткунанда дар ду бахши ҷавонон ва бонувон аз шаҳрҳои мухталифи Косово дар ин мусобиқаҳо иштирок доранд.
Ин мусобиқаҳо гурӯҳи синни ҷавонон ва наврасони 12 то 30-соларо дар бар мегирад ва шомили хонандагони марказҳои таълими ҳифзи Қуръон, донишҷӯёни муассисаҳои динӣ ва хонандагони мактабҳои давлатӣ мебошад.
Аз ҳадафҳои баргузории ин мусобиқаҳо инҳо ном бурда шудаанд: ҷойгир кардани фарҳанги ҳифзи Қуръон дар миёни ҷавонон, кашфи истеъдодҳои Қуръонӣ, рушди маҳорати ҷавонон ва наврасон дар ҳифз ва тиловати каломи Аллоҳи муқаддас, ташвиқи фарзандони мусалмон дар Косово ба маҳорати тиловати Қуръон, тақвияти рӯҳияи рақобати солим миёни ширкаткунандагон дар арсаи Қуръон ва таҳкими риштаҳои ҳамкорӣ миёни мушовири умури динии сафорати Арабистони Саудӣ ва муассисаҳои исломӣ дар Косово.
Ин мусобиқаҳо дар се риштаи ҳифзи 10 ҷузъ, ҳифзи 5 ҷузъ ва ҳифзи 2 ҷузъ барои бонувон ва ҷавонон баргузор мешавад ва қарор аст марҳилаи ниҳоӣ ва маросими ҷамъбаст рӯзи якшанбеи оянда, 30-уми апрел, дар шаҳри Приштина, пойтахти Косово ва бо ҳузури шахсиятҳои расмӣ ва иҷтимоӣ, ки аҳамияти ин чорабинии Қуръониро инъикос мекунанд, баргузор шавад.
Ин чорабинӣ дар ростои талошҳо барои тақвияти иҷрои барномаҳои таълимӣ вобаста ба ҳифзи Қуръон дар миёни ҷавонон, тасбит арзишҳои баланди исломӣ ва пайвандани наслҳои ҷавон ва наврас бо каломи Аллоҳи муқаддас баргузор мешавад.
4346895