IQNA

Таъкид бар нақши инсонсозии Қуръон дар Конфронси байналмилалии Уммон

0:42 - April 23, 2026
рақами хабар: 4554
Суханронони рӯзи аввали Конфронси байналмилалии Қуръонӣ дар Уммон бар аҳамияти истифодаи мусалмонон аз қобилияти инсонсозии Қуръони Карим дар даврони муосир таъкид карданд.

Ба гузориши икно, ба нақл аз «Таймз ов Уман», Конфронси байналмилалии «Қуръон ва инсонсозӣ» аз рӯзи, 31-уми фарвардин, дар шаҳри Масқат, пойтахти Уммон, оғоз гардид.  

Ин конфронси дурӯза бо ҳадафи баррасии нақши Қуръони Карим дар рушди фикрӣ ва ахлоқии инсон ва ҳамчунин, иқтидори он дар шакл додани ояндаи инсондӯстона, ки бар пояи таълим, арзишҳо ва ҳувият бунёд ёфтааст, баргузор мешавад.  

Шуморе аз мутахассисони улуми қуръонӣ ва фиқҳи исломӣ аз дохил ва хориҷи Салтанати Уммон дар ин конфронс, ки дар Донишгоҳи «Султон Қобус»‑и Масқат барпо шудааст, иштирок доранд.  

Дар рӯзи нахустини конфронс, Шайх Аҳмад бин Ҳамад ал‑Халили, Муфтии аъзамии Уммон, дар суханрониаш таъкид кард: бузургтарин рӯйдоди таърих нузули ин Китоби муқаддас аст, ки андешаҳо ва зеҳнҳоро бедор намуд ва роҳи зиндагии инсонҳоро равшан сохт.  

Ӯ идома дод: Қуръони Карим, ҳамон тавр ки Худованди Мутаол онро тавсиф кардааст, «ҳидоят барои башарият ва далели равшани роҳнамоӣ ва фарқкунанда (миёни ҳаққу ботил)» аст. Ва ҳамон тавр ки Парвардигор фармудааст: «Дар ҳақиқат, ин Қуръон ба он чизе, ки устувортар аст, ҳидоят мекунад» ва низ фармудааст: «Ва Мо дар Қуръон он чиро нозил мекунем, ки барои мӯъминон шифо ва раҳмат аст».  

Муфтии аъзам аз мусалмонон даъват кард, ки барои башарият намуна бошанд ва дар Қуръон амиқона тадaббур ва таҳқиқ кунанд, то ҳақоиқеро, ки ҳанӯз дар паси пардаи ибҳом боқӣ мондаанд, кашф намоянд.  

Ҳамчунин Халил бин Аҳмад ал‑Халили, раиси ҳайати мудирони Бунёди авқофи «Имоми Ҷобир бин Зайд»‑и Уммон, дар суханрониаш изҳор дошт: ҳадафи ин конфронс нишон додани таъсири Қуръон бар парвариш ва такомули инсон ва робитаи ӯ бо Холиқ аст; робитае, ки фардро тавоно месозад, то шоистаи масъулияти идора ва хилофат бар рӯи замин бошад.  

Ӯ таъкид кард, ки башарият имрӯз ҳамчунон миёни равишҳои фикрие, ки аз ваҳйи илоҳӣ ҷудо шудаанд, дар сардаргумӣ ва бесарусомонӣ зиндагӣ мекунад. Бешак, роҳи халосӣ аз ин воқеияти пароканда ва ноором, бозгашт ба қутбнамо ё дурнамои қуръонӣ аст, ки миёни рӯҳ ва ҷисм тавозун барқарор мекунад, каромати инсонро ҳифз менамояд ва умматро таҳким мебахшад.  

Дар ҷаласаи асосии конфронс бо мавзӯи «Қуръон ва инсонсозӣ» бар марказият ва меҳварияти Қуръони Карим ҳамчун манбаи олии шаклдиҳии андешаи инсонӣ ва танзими робитаи миёни илм ва арзишҳо таъкид шуд. Суханронҳо мусалмононро ба бознигарӣ дар шеваи истифода аз Қуръон барои ваҳдатбахшӣ ва ҳамгароии дидгоҳҳои исломӣ ва ғолиб омадан бар ихтилофоти фикрӣ даъват карданд.  

Дар рӯзи нахустини конфронс, ки ба ташаббус ва талоши Бунёди авқофи «Имоми Ҷобир бин Зайд» дар ҳоли баргузорӣ аст, панҷ мақола пешниҳоди шунавандагон гардид, ки дар онҳо суханронҳо Қуръони Каримро ҳамчун манбаи аслӣ ва асосии рушд ва тамаддуни башарӣ мавриди баррасӣ ва таъкид қарор доданд.

4347743

captcha