
Ба гузориши икно ба нақл аз "Муслимун ҳавл ал-олам" (Мусулмонон дар саросари ҷаҳон), дар барномаи илмӣ ва фарҳангии шаҳри Қазон аз ин Қуръон, ки пас аз як давраи тӯлонӣ ва танҳо маҳдуд мондан ба нашри чопӣ акнун ба таври дастӣ китобат гардидааст, расман рӯнамоӣ шуд.
Ин Қуръони хаттӣ эҳёгари суннати қадимаи китобати Қуръон аст, ки қариб ба фаромӯшӣ рафта буд, ва нишондиҳандаи таваҷҷуҳи дубора ба ҳунари хаттотӣ ва хизмат ба китоби муқаддас мебошад.
Аҳамияти ин тарҳ дар эҳёи мактаби хаттотии исломии Русия ниҳод шудааст. Қуръон бар асоси меъёрҳои дақиқи илмӣ ва бо истинод ба теъдоди зиёди манбаъҳо ва осори монанд китобат гардида, ба унвони як тарҳи муассисавӣ, фаротар аз як талоши шахсӣ буда, ҷанбаи ҳунарӣ ва хидмати илмиро бо ҳам меомезад.
Ҳамчунин, дар ин тарҳ барои мутобиқати дақиқ бо нусхатҳои таърихии асрҳои аввали ислом кӯшиш шудааст, то асаре бо баландтарин сатҳи дақиқӣ дар китобат пешкаш гардад.
Инчунин, ҳамоҳангии мавқеъҳои вақф (истҳо) ва нишонагузориҳо бар асоси пажӯҳишҳои илмии амиқ, хондани ин Қуръонро осонтар намуда, онро ба меъёрҳои илмии тасдиқшудаи навишти матни Қуръон наздиктар кардааст.
Қуръони хаттии Русия дар доираи як тарҳи муассисавӣ китобат шудааст, ки дар он кумитаи коршиносон ва мутахассисон ҳамкорӣ доштанд. Иҷрои ин тарҳ нишондиҳандаи тавоноии ниҳодҳо дар тавлиди осоре бар пояи дақиқи илмӣ ва навоварии ҳунарӣ мебошад.
4348990