IQNA

Пешгирӣ аз издиҳоми зиёди мардум дар Мино бо ҳассосгарҳои (сенсорҳои) ҳушманд.

4:52 - May 05, 2026
рақами хабар: 4588
Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ бори аввал низомҳои ҳассосгарҳои ҳушмандро, ки ба корти «Наск» пайвастанд, бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ ва нав дар минтақаи Мино татбиқ кардааст. Ин иқдом бо мақсади танзими ҳаракати ҳоҷиён бар асоси додаҳои дақиқи лаҳза ба лаҳза анҷом дода мешавад.

Тибқи гузориши икно ба нақл аз "Ахбор-ал-Явм", ба гуфтаи Вазорати ҳаҷ, ин кор ба осон гардидани ҷараёни ҳаракати зоирон, баланд бардоштани самаранокии идоракунии издиҳом ва дастгирии қабули қарорҳои саҳроӣ дар тӯли мавсими ҳаҷ мусоидат мекунад.

Вазорат таъкид намудааст, ки ин иқдом идомаи нақши корти «Наск» ҳамчун як абзори созмонӣ ва фаннист, ки ба зоир имкон медиҳад шахсияти худро муайян кунад ва тавассути роҳҳои тасдиқшуда ба хадамот дастрасӣ пайдо кунад. Ин корти мазкур ба платформаи иҷозатномаҳои ягона пайваст буда, дар идоракунии вуруди зоирон ба маконҳои муқаддас ва Масҷидулҳаром кӯмак мекунад ва самаранокии тасдиқи маълумоти ҳоҷиёнро боло мебарад.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки корт дар шакли коғазӣ ва рақамӣ пешниҳод гардида, дастрасӣ ба додаҳо ва хадамотро тавассути каналҳои электронӣ таъмин мекунад. Ин кор ба густариши роҳҳалҳои рақамӣ, тезонидани ҷавобгӯӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар марҳилаҳои гуногуни сафари ҳаҷ мусоидат менамояд.

Дар идома зикр шудааст, ки корти «Наск» ба танзими ҷойивазкунии ҳоҷиён байни маконҳо ва хадамот кӯмак мекунад. Бо шарофати ин система, гурӯҳҳои амалиётӣ метавонанд маълумоти зоиронро бо диққат муайян намоянд, ки ин амр ҷараёни ҳаракатро осон карда, аз гум шудани зоирон ҷилавгирӣ намуда, ба танзими вуруд ба хаймаҳо ва воситаҳои нақлиёт ва тақвияти ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои гуногун ёрӣ мерасонад.

Ба иттилои мақомдорони Саудӣ, тақсимоти корти «Наск» дар кишварҳои зоирон қабл аз ворид шудан ба Арабистон, ба тақвияти омодагиҳои пеш аз сафар, танзими ҳаракат ва идоракунии вуруди зоирон ба маконҳои муқаддас дар доираи як низоми амалиётии ягона мусоидат мекунад.

Вазорати ҳаҷ ва умра аз зоирон даъват намудааст, ки аз доштани корти «Наск» итминон ҳосил кунанд ва онро дар ҳамаи марҳилаҳои ҳаракат ва ҳангоми расидан ба маконҳо ва хадамот истифода баранд. Ҳамчунин таъкид шудааст, ки доштани ин корт шарти асосӣ барои вуруд ба Маккаи Мукаррама, Масҷидулҳаром, маконҳои муқаддас ва Равзаи Мутаҳҳара дар Масҷидуннабист. Илова бар ин, нақши он дар осон намудани равандҳои тасдиқи ҳувият ва танзими ҳаракат ба баланд шудани амнияти зоирон ва беҳтар гаштани сифати хизматрасонӣ мусоидат мекунад.

Ахбор24 дар поён навиштааст: дар мавсими Ҳаҷи соли 1446 ҳиҷрӣ беш аз 1.6 миллион корт тақсим шудааст, ба иловаи зиёда аз 90 ҳазор корт барои кормандон. Ин иқдом бахше аз талошҳои Вазорати ҳаҷ ва умра барои такмил додани абзорҳои созмонӣ ва хадамоти рақамии пуштибони низоми ҳаҷ мебошад.

4350091

captcha