IQNA

Намоиши лоиҳаи «Қорӣ-и Ҳушманд» дар конфронси Риёз

20:06 - May 05, 2026
рақами хабар: 4597
Донишгоҳи Малик Сауд лоиҳаи «Қорӣ-и Ҳушманд»-ро дар ҳошияи конфронси «Ҳушмандӣ дар хидмати Қуръони Карим» дар Риёз муаррифӣ кард.

Ба гузориши икно ба нақл аз «Иқтисод ал-явм», Донишгоҳи Малик Сауд лоиҳаи «Қорӣ-и Ҳушманд»-ро дар конфронси «Ҳушмандӣ барои хидмат ба Қуръони Карим» дар Риёз муаррифӣ намуд.

Ин лоиҳа, ки бо ҳамкории пажӯҳишгарон ва мутахассисони барҷастаи фанновариҳои муосир амалӣ шудааст, инъикоси равиши таҳқиқотии амалӣ буда, ҳадаф аз он ба коргирии ҳушмандии сунъӣ барои тавсеаи абзорҳои интерактивӣ аст, ки дарки дақиқтар ва равшантар аз маънои Қуръони Каримро пешниҳод мекунанд.

Ин тарҳ қисме аз талошҳои илмии пайваста барои ташвиқи истифодаи фанновариҳои пешрафта дар хидмат ва паҳни муҳтавои Қуръонӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Платформаи «Қорӣ-и Ҳушманд» як модели фанноварӣ, ки бар ҳушмандии сунъӣ асос ёфтааст, барои истеҳсоли тиловати садоӣ воқеъии тарҷумаҳои Қуръонӣ ба забонҳои мухталиф пешниҳод мекунад.

Ин платформа абзорҳои пешрафтаро барои тарҷумаи матни Қуръон фароҳам меорад ва ба афроди ғайри арабзабон имкон медиҳад, ки маъноҳои дақиқи оётро ба тарзи сода ва интерактивӣ дарк кунанд.

Ин фанновариҳо, ҳамчунин бо тақлид аз тиловати воқеии инсонӣ ва дар айни замон нигоҳ доштани дақиқии маъно, ба беҳтар шудани таҷрибаи корбарӣ мусоидат мекунанд.

Ин лоиҳа аз як системаи тамғагузории матнии ҳушманд истифода мебарад, ки таваққуфот, пайвастагӣ ва нозукиҳои маънои Қуръониро дар сатҳи калима ва ҷумла ба таври дақиқ муайян мекунад.

Ҳамчунин аз як модели садоӣ, ки бар ҳушмандии сунъӣ асос ёфтааст, истифода мебарад, ки қодир ба бозсозии овозҳои тиловати воқеъӣ буда ва аз талаффузи ҳарфҳои хосси арабии бо диққати баланд бархурдор аст.

Ин система ҳамчунин як чаҳорчӯби назорати матнӣ пешниҳод мекунад, ки имкони танзими оҳанг, суръат ва таваққуфотро барои ҳамоҳангӣ бо маъноҳои тафсирии матнҳои тарҷумашуда фароҳам меорад.

Ин лоиҳа ҳамгироии байни тахассуси донишгоҳӣ дар факултаи Илмҳои Компютерӣ ва иттилоотӣ ва саҳмгузориҳои иҷтимоӣ дар Арабистони Саудӣ дар бахши фанновариро тақвият мебахшад.

Ин ҳамкорӣ бо биниши илмӣ, ки ҳадаф аз он таҳияи ҳалли рақамии инноватсионӣ аст, ки ба гуфтугӯи онлайн хидмат расонида ва алоқаи фарҳангии байни мардумонро тақвият мебахшад, ҳамсу аст ва ба ҳимояти инноватсия дар таҳқиқот ва густариши корбурди ҳушмандии сунъӣ дар бахшҳои динӣ ва донишбунёд мусоидат мекунад.

Таҳиягарони ин лоиҳа ният доранд, ки доираи онро густариш дода, ба чанд забон ва қорӣ/қироаткунандагони нав шомил кунанд ва ба мардуми ғайри араб дар саросари ҷаҳон хизмат расонанд.

Ҳадафи ин лоиҳа осон кардани дарки маънои Қуръони Карим барои беш аз 1.5 миллиард мусалмон тавассути абзорҳои пешрафтаи бар ҳушмандии сунъӣ асосёфта мебошад.

4350305

captcha