
Ба гузориши икно ба нақл аз *Voice of Emirates*, ин нусхаи хаттӣ гувоҳи таваҷҷуҳи мусалмонон ба Қуръони Карим аз рӯзҳои нахустини зуҳури Ислом мебошад, ки нигаҳдорӣ, нусхабардорӣ ва ҳуҷҷатгузории онро дар тӯли асрҳо дар бар мегирифтааст.
Ин нусха аз ҷумлаи дастнависҳои Қуръон аст, ки дар осорхона нигоҳдорӣ мешаванд ва сабкҳои қадимаи хатти арабӣ ва усулҳои навиштореро, ки хаттотон дар давраҳои гуногун ба кор бурдаанд, ба таври дақиқ инъикос мекунад. Бо вуҷуди андозаи хурди он, эҳтиром ва қудсияти матни Қуръон ва дақиқияти истисноӣ дар нусхабардории он ҳифз гардидааст.
Масъулони осорхона таъкид мекунанд, ки ин нусхаи нодир танҳо як санади таърихӣ нест, балки аҳамияти амиқи фарҳангӣ ва маънавӣ низ дорад. Ин нусха талоши шигифтангези мусалмононро дар тӯли таърих барои ҳифзи Қуръони Карим нишон медиҳад ва ҳамчунин чигунагии интиқоли дақиқи таълимоти онро аз насл ба насли дигар ба тасвир мекашад.
Тибқи ин гузориш, осорхона ба боздидкунандагон ин фурсатро фароҳам меорад, ки сайри такомулу рушди хатти қуръониро аз нусхаҳои дастнависи рӯи пӯсти ҳайвонот то нусхаҳои мусаввар ва ороёфта, ки дар давраҳои гуногуни исломӣ шукуфо шудаанд, баррасӣ кунанд. Ин амр ғановат ва рангорангии мероси исломӣ ва мактабҳои ҳунарии онро барҷаста месозад.
Ин Қуръони нодир таваҷҷуҳи зиёди боздидкунандагони Маккаро ба худ ҷалб кардааст. Бисёре аз онҳо дар баробари он меистанд, то дақиқияти хат ва зебоии ҳуҷҷатгузории онро бо тааммул тамошо намоянд.
4351543