
Ба гузориши икно ба нақл аз *Muslim Mirror*, шикояти ин омӯзгори мусулмон баҳсҳо дар бораи табъизи динӣ дар муҳитҳои корӣ ва муассисаҳои таълимии Ҳиндро дубора зинда кардааст.
Самрин Бону, омӯзгори мусулмон, мегӯяд, ки чанд рӯз пас аз оғози як давраи омӯзишӣ дар шаҳри Варанасии иёлати Уттар Прадеш ба далели пӯшидани ҳиҷоб аз кор хориҷ шудааст.
Бону дар як навори инстаграмӣ ноумедии амиқи худро аз мушкилоте, ки омӯзгорони мусулмон бо он рӯбарӯ ҳастанд, баён кард. Ӯ гуфт: «Дар замони имрӯз рушду пешрафти касбӣ барои як омӯзгори навкори мусулмон бисёр душвор аст.»
Ӯ изҳор дошт, ки таассуби густарда сабаб мешавад, ки волидайн фарзандони худро назди омӯзгорони мусулмон нафиристанд. Бону афзуд: «Муҳим нест ба куҷо меравед барои як дарси озмоишӣ ё мусоҳиба танҳо ба ин сабаб, ки мусулмон ҳастед, шуморо рад мекунанд.»
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки кӯдакон бо тарсу таассуб “шустушӯи мағзӣ” мешаванд, ки ин амр омӯзиши онҳоро душвор месозад. Вай ин суолро матраҳ кард, ки чӣ гуна як омӯзгор метавонад кӯдакеро таълим диҳад, ки ҳанӯз бо ворид шудан ба синф аз ӯ нафрат мекунад.
Бону таъкид кард, ки ба ҳамаи адён эҳтиром мегузорад ва ҳаргиз эътиқодоти худро ба дигарон таҳмил намекунад. Рӯзи 9 май ӯ навори дигареро мунташир кард, ки дар он гуфт мактаби давлатии «Буддо» дар Бенарес аз ӯ хостааст, ки ё ҳиҷоби худро бардорад ё онҷоро тарк кунад. Ӯ изҳор дошт, ки чунин шарте дар мусоҳибааш зикр нашуда буд.
Бону мактабро ба нақзи озодии мазҳабии худ мутобиқи моддаҳои 25 ва 19 Қонуни асосии Ҳинд муттаҳам намуда, ин ҳодисаро «таблиғоти манфӣ алайҳи мусулмонон» тавсиф кард.
4351555