
Ба гузориши икно ба нақл аз хабаргузории Арабистони Саудӣ, мусобиқоти байналмилалии ҳифз, қироат ва тафсири Қуръони Арабистони Саудӣ барои аввалин бор дар тӯли таърихи худ бахши занонро низ дар бар хоҳад гирифт.
Малик Салмон, подшоҳи Арабистони Саудӣ, ифтитоҳи бахши занонро дар мусобиқоти байналмилалии оянда, ки бо номи «Малик Абдулазиз» ва махсуси ҳифз, қироат ва тафсири Қуръони Карим аст, тасдиқ кардааст.
Ин аввалин бор аст, ки бонувон ба таври расмӣ дар ин мусобиқот ширкат мекунанд.
Қарор дар бораи ҳузури занон дар мусобиқоти байналмилалии «Малик Абдулазиз» дар пайи дархосте, ки аз ҷониби «Абдуллатиф ибни Абдулазиз», вазири умури исломии Арабистони Саудӣ ва масъули умумии ҳамаи мусобиқоти миллӣ ва байналмилалии Қуръон пешниҳод шуда буд, қабул гардид.
Ин мусобиқот ҳар сол ба ташаббуси Вазорати умури исломии Арабистони Саудӣ дар Масҷидулҳаром баргузор мешавад ва яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои байналмилалии қуръонӣ ба шумор меравад.
Вазорати умури исломии Арабистони Саудӣ эълон кард, ки ҳузури занон дар мусобиқоти байналмилалии Қуръони «Малик Абдулазиз» пешрафти муҳим дар таърихи ин рақобатҳо ба ҳисоб меравад; рақобатҳое, ки аз соли 1979 милодӣ оғоз шудаанд.
Дар баёнияи нашршуда аз сӯи ин вазорат омадааст, ки чиҳилу шашумин даври мусобиқоти байналмилалии ҳифз, тиловат ва тафсири Қуръони Карими Малик Абдулазиз бо ҳузури иштирокчиёни зан ва мард аз саросари ҷаҳон васеътар хоҳад буд.
Бар асоси ҷадвали замонӣ, маросими анҷоми чиҳилу шашумин даври мусобиқоти байналмилалии ҳифз, тиловат ва тафсири Қуръони Карими Малик Абдулазиз 19 августи 2026 баробар бо 28 мурдоди 1405 барнгузор хоҳад шуд.
4351600