IQNA

Фарохонӣ ба ҳузури густурдаи фаластиниён дар Масҷидул-ақсо

2:43 - May 13, 2026
рақами хабар: 4626
Муассисаи байналмилалии Қудс аз мардуми Қудс ва фаластиниёни сокини сарзаминҳои ишғолӣ хост, ки рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъаи оянда бо ҳузури густурда дар Масҷидул-ақсо, дар баробари иқдомоти режими саҳюнистӣ ва шаҳракнишинон, ҳамзамон бо солгарди ишғоли Қудс ва баргузории «Роҳпаймоии парчамҳо» истодагӣ кунанд.

Ба гузориши икно ба нақл аз хабаргузории фаластинии Сафо, Муассисаи байналмилалии Қудс дар баёнияе аз сокинони Қудс ва фаластиниёни муқими сарзаминҳои ишғолии соли 1948 хост, барои дифоъ аз Масҷидул-ақсо ва муқобила бо таҷовузоти режими саҳюнистӣ, рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъаи оянда ба ин макони муқаддас равона шаванд.

Ин муассиса таъкид кард, ки ҳузури густурда, барпо доштани намоз, дуо, тиловати Қуръон ва тақвияти ҳузури мардумӣ дар саҳнҳои Масҷидул-ақсо ва ҳамчунин дар бофти кӯҳнаи шаҳри Қудс, муҳимтарин василаи муқобила бо «Раҳпаймоии парчамҳо» ва иқдомоти шаҳракнишинон хоҳад буд.

Муассисаи байналмилалии Қудс дар баёнияи худ эълом кард, ки ҳамзамонии солгарди ишғоли Қудс бо ҳафтодуҳаштумин солгарди Накбати Фаластин дар рӯзи ҷумъа, 15 майи 2026, нишондиҳандаи бархӯрди роҳҳои муқобила бо «лоиҳаи ҳазф ва яксарасозӣ»-и режими саҳюнистӣ бо пуштибонии Амрико аст.

Ин муассиса эълом кард, ки режими саҳюнистӣ дар талош аст ҳаққи бозгашти оворагони фаластиниро аз байн барад, нақши ОНРУА-ро ҳамчун шоҳиди байналмилалии масъалаи паноҳандагони фаластинӣ ҳазф кунад ва ҳамзамон раванди яҳудисозии Масҷидул-ақсо ва табдили комили он ба маъбади пиндории худро пеш барад.

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, ки режими ишғолгар дар пайи табдили Қудси арабӣ ба «Урушалими ибрӣ» аст ва ҳамзамон ҷанг алайҳи Ғазза, сиёсати кӯчонидани иҷборӣ дар Каронаи Бохтарӣ ва фишор алайҳи меҳвари муқовимат дар Лубнон ва Эронро пеш мебарад.

Ҳушдор дар бораи шиддат гирифтани таҷовуз ба Масҷидул-ақсо

Муассисаи байналмилалии Қудс ҳушдор дод, ки режими саҳюнистӣ бо ҳамоҳангии гурӯҳҳои маъруф ба «созмонҳои маъбад» дар садади табдили солгарди ишғоли Қудс ба фасли наверо аз таҷовузҳо алайҳи Масҷидул-ақсо аст.

Бар асоси ин баёния, аз ҷумла ҳадафҳои Телавив эҷоди рӯйкарди нав дар Масҷидул-ақсо аст; аз ҷумла талош барои таҳмили юриши шаҳракнишинон дар рӯзи ҷумъа, ки аз замони ишғоли Қудс дар соли 1967 собиқа надорад.

4351708

captcha