IQNA

Баргузории коргоҳи омӯзишии тавонмандсозии устодони Қуръонӣ дар Наҷаф

2:25 - May 28, 2026
рақами хабар: 4670
Маҷмаи илмии Қуръони Карим назди остони муқаддаси Аббосӣ дар Наҷафул-ашраф коргоҳи тахассусӣ бо ҳадафи омӯзиш ва тавонмандсозии устодони Қуръонӣ, ки аз толибилмони улуми динӣ мебошанд, баргузор кард.

Ба гузориши икно аз нақли «Ал-Кафил», Шайх Висом ас-Сабтӣ, раиси воҳиди корҳои ҳавзавии қуръонии Маркази Қуръони Карими Наҷаф, вобаста ба Маҷмаи илмии Қуръони остони Аббосӣ, изҳор кард: ин коргоҳ бахше аз даҳумин даври лоиҳаи қуръонии вижаи толибони ҳавзаи илмия аст, ки барномаи омӯзишии пайдарпай ва таълими се сатҳи қоидаҳои тиловат ва дурустхонӣ (мубтадӣ, миёна ва пешрафта), инчунин се даври улуми қуръониро дар бар мегирад.

Вай афзуд: имтиҳонҳои назарӣ ва амалӣ бо ҳузури 718 толиб илм барои иштирок дар коргоҳ баргузор шуд ва дар анҷом 16 толиб илм барои ҳузур дар он интихоб гардиданд.

Ас-Сабтӣ баён кард, ки ин коргоҳ чор рӯз идома дорад ва шомили суханрониҳое аз сӯи чандин коршинос, аз ҷумла Шайх Басим ал-Идрисӣ дар бораи усулҳои навини тадрис, Шайх Асъад ан-Науфлӣ бо мавзӯи хушнависӣ ва расмулхатти Қуръон, Неъма ал-Асадӣ дар бораи усул ва фанни тадрис, ва Алӣ ал-Биётию дар бораи идоракунии дарсҳои қоидаҳои тиловат аст.

Омода кардани омӯзгороне, ки ба аҳкоми тиловат ва улуми қуръонӣ мусаллат бошанд, тавонмандсозии онҳо барои тадриси давраҳои қуръонӣ ва кумак ба ғанӣ гардондани лоиҳаи қуръонии толибилмон бо омӯзиши тахассусӣ аз ҳадафҳои баргузории ин коргоҳ эълом шудааст.

4354318

captcha