
Ба хотири аҳаммияти нақши ҳаҷ дар наздиксозии мазҳабҳои исломӣ, ваҳдати уммати исломӣ, фалсафаи ин фариза ва осори иҷтимоӣ ва ҷаҳонии он, икно бо Ҳаёт Лаълоб, рӯзноманигор ва нависандаи марокашӣ, суҳбате анҷом додааст, ки шарҳи онро дар идома мехонед:
Икно — Нақши ҳаҷро дар наздиксозии мазҳабҳои исломӣ ва ваҳдати уммати исломӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Ҳаҷ дорои паҳлуҳои гуногуни динӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад ва мавсимест, ки дар он мусулмонон бо забонҳо, нажодҳо ва мазҳабҳои гуногун гирд меоянд. Ислом ба мо меомӯзад, ки ҳаҷ як ваъдагоҳи динӣ аст, ки дар он пайвандҳои бародарии мусулмонон, дур аз фарқиятҳои забонӣ ё мазҳабӣ, тақвият меёбад; маконе ки ҳамаи тафовутҳо аз байн меравад ва мусулмонон дар канори ҳам барои ибодат ва ягонагии Худованди Мутаол муттаҳид мешаванд. Имом Хумайнӣ (қуддиса сирруҳу) низ таъкид карда буданд, ки ҳаҷ мавсими ваҳдат ва эҳёи бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ барои уммати исломист.
Икно — Фалсафаи ҳаҷ чист ва чаро мусулмонон аз саросари ҷаҳон гирд меоянд ва ин сафар чӣ таъсире бар рӯҳу равони ҳоҷиён дорад?
Мусулмонон аз минтақаҳои гуногун гирд меоянд, то фаризаеро, ки Худованд бар ҳамаи онҳо воҷиб кардааст, анҷом диҳанд. Ҳаҷ сафари бузургест, ки маъноҳои зиёдеро дар худ ҷой додааст ва ҳамоиши солонаест, ки дар он мусулмонон дар сарзамини муқаддас ҷамъ мешаванд.
Дар бораи таъсири ҳаҷ бар рӯҳу равони ҳоҷиён бояд гуфт, ки вақте онҳо ба кишвари худ бозмегарданд, робитаи қавитаре аз пеш бо Худованди Мутаол доранд. Маносики ҳаҷ рӯҳро ғизо дода, оромишро дар вуҷуди ҳоҷиён ҷорӣ месозад; ҳамчунин ҳаҷ ба мо хислатҳое чун фурӯтанӣ, эҳсоси масъулият ва дигар арзишҳоро меомӯзад, ки ҳоҷиён дар сафари худ ба Байтуллоҳи Ҳаром фаро мегиранд.
Икно — Маънои таваққуф дар Арафот ва Машъарулҳаром чист? Аҳаммияти маънавии ин ду макон дар чист?
Таваққуф дар Арафот яке аз аркони ҳаҷ аст, ки бо нияти наздикӣ ҷустан ба Худованди Мутаол ва дар камоли фурӯтанӣ дар баробари Ӯ анҷом мешавад. Рӯзи Арафа маъноҳои бисёре дорад, ки наметавонам ҳамаи онҳоро баён кунам, аммо ба баъзе аз онҳо ишора мекунам:
Саҳнаи таваққуф дар Арафот моро ба ёди истодани мардум дар пешгоҳи Худованди Азза ва Ҷалла дар рӯзи қиёмат меорад. Ҳамчунин дар ин рӯз ояти такмили дин (ки ҳамон вилояти Имом Алӣ алайҳиссалом аст) нозил шудааст. Бузургтарин нукта дар Арафот ин аст, ки Соҳибуззамон (аҷҷалаллоҳу фараҷаҳу-ш-шариф) дар миёни ҳоҷиён ҳузур дорад ва бо баракати вуҷудаш онҳоро фаро гирифтааст.
Аз ҷониби дигар, таваққуфи ҳоҷиён дар Арафот эътироф ба гуноҳ ва кӯтоҳӣ дар баробари Худованди Мутаол аст ва рӯзи Арафа барои ҳоҷиён рӯзест саршор аз баракат ва файзи илоҳӣ.
Икно — Рамйи ҷамарот рамзи чист? Чаро ҳоҷиён ба сутунҳои махсус санг мезананд ва ин амал кадом рӯйдод аз зиндагии ҳазрати Иброҳим (алайҳиссалом)-ро ба ёд меорад?
Бар асоси ривояте аз Амирулмуъминин Алӣ (алайҳиссалом), сабаби рамйи ҷамарот ба достони ҳазрати Иброҳим (алайҳиссалом) бармегардад; замоне ки Ҷабраил (алайҳиссалом) машоирро ба ӯ нишон дод, Иблис дар баробари ӯ пайдо шуд ва Ҷабраил ба ӯ дастур дод, ки ҳафт санг ба сӯи ӯ партоб кунад.
Аз рамйи ҷамарот бар шайтон мефаҳмем, ки ин амал рамзи муқовимат дар баробари шар аст; ҳамон шарре, ки дар қолаби шайтон, ёронаш ва ҳар касе, ки мардумро ғайр аз роҳи Худованд фаро мехонад, таҷаллӣ меёбад.
Икно — Фалсафаи қурбонӣ кардан дар рӯзи Иди Қурбон ва тақсими он миёни ниёзмандон чист?
Қурбонӣ дар ҳаҷ яке аз воҷиботи ҳаҷ аст, ки бар асоси он қурбонӣ бояд аз миёни чорпоёне чун гӯсфанд, гов ё шутур бошад.
Қурбонӣ дар рӯзи даҳуми Зулҳиҷҷа, аз як сӯ барои фарохӣ дар рӯзгори хонаводаҳост ва аз сӯи дигар, нишондиҳандаи таваҷҷуҳ ба ниёзмандон ва фақироне мебошад, ки ҳеҷ тавону қудрате надоранд.
4354805