
Бино ба гузориши хабаргузории икно ба нақл аз «Ал-Виом», ин вазорат тақсими Қуръонҳоро миёни зиёраткунандагоне оғоз намудааст, ки тавассути бандарҳои ҳавоӣ, заминӣ ва баҳрии кишвар аз Арабистони Саудӣ хориҷ мешаванд. Ҳамчунин коргароне, ки дар баргузории муваффақонаи мавсими Ҳаҷи соли 1447 ҳиҷрии қамарӣ саҳм гузоштаанд, аз ин ҳадя баҳраманд мегарданд.
Ин ҳадяи шоҳона тақсими 1 миллиону 900 ҳазор нусхаи Қуръони Каримро дар бар мегирад, ки аз ҷониби маҷмааи чопи Қуръони Карим ба номи Малик Фаҳд дар Мадинаи Мунаввара нашр шудаанд. Ин марказ инчунин тарҷумаҳои дақиқи Қуръонро ба 80 забони байналмилалӣ барои ҳоҷиён фароҳам овардааст, то дарки оятҳои Қуръон барои меҳмонони Худо бо забонҳои гуногун осонтар гардад.
Абдуллатиф ибни Абдулазиз Оли Шайх, вазири корҳои исломӣ, даъват ва иршоди Арабистони Саудӣ дар ин бора гуфт: «Ин ҳадя нишондиҳандаи таваҷҷуҳи беандозаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба Қуръони Карим ва талоши он барои баҳраманд сохтани мусулмонон аз Каломи Худо мебошад.»
Ӯ афзуд, ки вазорат тамоми имконоти инсонӣ, ташкилотӣ ва логистикии худро барои иҷрои босамар ва мунтазами тарҳи тақсимот дар нуқтаҳои хуруҷ ва ҷойҳои корӣ сафарбар кардааст.
Оли Шайх инчунин ба нақши муҳими Маҷмааи Малик Фаҳд дар идомаи рисолати хизмат ба Қуръони Карим ва улуми он ишора намуда, таъкид кард, ки ин муассиса дар роҳи нашри Каломи Ваҳй мутобиқ ба баландтарин меъёрҳои сифат фаъолият мекунад.
Тақсими Қуръон як иқдоми ҳамасола ва бахше аз барномаҳои Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ мебошад, ки аз ҷониби Вазорати корҳои исломии ин кишвар барои ғанӣ гардондани таҷрибаи маънавии ҳоҷиён ва тақвияти талошҳо ҷиҳати густариш ва тарвиҷи Қуръони Карим миёни мусулмонони ҷаҳон амалӣ карда мешавад.
4355027