
Бино ба гузориши хабаргузории «Икно» ба нақл аз «Сада ал-Балад», Шайх Сайид Саид, маъруф ба «Султонул-қурро» (Султони қориён), аз чеҳраҳои барҷастаи санъати тиловат ва лаҳни Қуръони Карим дар Миср ва ҷаҳони ислом ба шумор мерафт.
Ӯ 7 марти соли 1943 дар деҳаи Мит Марҷа Салсил, аз тобеоти ноҳияи Ҷамолия дар вилояти Даҳқалияи Миср ба дунё омада, дар як хонаводаи камбизоат бо нӯҳ фарзанд ба воя расид. Ӯ хурдтарин писари оила буд ва аз кӯдакӣ соҳиби истеъдоди баланди овозӣ маҳсуб мешуд.
Шайх Сайид Саид дар синни 9-солагӣ Қуръони Каримро пурра ҳифз кард. Роҳи қуръонии ӯ аз мактаби анъанавии деҳа оғоз ёфт ва аз дарсҳои Шайх Абдулмаҳмуд Усмон баҳра гирифт. Ба сабаби истеъдоди фавқулодааш дар тиловат, шуҳрати ӯ дар саросари вилояти Думёт паҳн гардид ва баъдан барои тиловати Қуръон ба кишварҳои зиёди ҷаҳон сафар кард.
Ӯ дар синни ҷавонӣ бинобар мушкилоти молиявӣ таҳсилро тарк намуд. Аммо бо сабаби овози дилнишин ва қобилияти нотакрораш дар аз худ кардани мақомҳои овозӣ танҳо тавассути шунидан, бидуни омӯзиши расмӣ, роҳи худро дар ҷаҳони тиловати Қуръон пайдо кард. Султони қориёни Миср атрофиёнашро мафтун намуда, ҳамчун қории барҷаста шуҳрати фаровон касб кард.
Шайх Сайид Саид Қуръонро бидуни талаб кардани ҳаққи хизмат тиловат мекард. Ӯ мегуфт:
> «Ман Қуръонро аз рӯи муҳаббат ба он тиловат мекунам, на барои пул. Оятҳои Худоро харидан мумкин нест.»
Ин қории мисрӣ дар кишварҳои зиёде, аз ҷумла Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Ироқ, Лубнон, Африқои Ҷанубӣ, Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Швейтсария Қуръони Каримро тиловат кардааст.
Ӯ ҳамчунин дар канори барҷастатарин устодони тиловати Қуръон дар Миср, аз ҷумла Муҳаммад Сиддиқ Миншовӣ, Мустафо Исмоил, Абдулфаттоҳ Аш-Шаъшоъӣ, Маҳмуд Алӣ Ал-Банно ва Абулъайнайн Шуайшаъ ба тиловат пардохта, ҷойгоҳи баландеро дар миёни қориёни бузурги Қуръон соҳиб гардид.
Шайх Сайид Саид ба кишварҳои гуногуни ҷаҳон сафар намуда, паёми Қуръони Каримро дар маҳфилҳои байналмилалӣ муаррифӣ мекард.
Ӯ махсусан бо сабки беназири худ дар тиловати сураи мубораки Юсуф (а) маъруф буд; сабке, ки баъдан ба як мактаби хоси ҳунари тиловати Қуръон табдил ёфт.
Ба сабаби иҷрои нотакрор ва таъсирбахши худ, бахусус тиловати машҳури сураи Юсуф (а), ки бисёриҳо онро беҳтарин сабти тиловати ӯ медонанд, сазовори лақаби «Султони қориён» гардид. Дар миёнаҳои солҳои 1990 наворҳои кассетии тиловати ӯ бозори Мисрро фаро гирифтанд ва ба фурӯши бесобиқа ноил шуданд. То ҷое ки садои тиловати ӯ аз хонаҳо, мағозаҳо ва ҳатто нақлиёти ҷамъиятӣ дар саросари шаҳрҳо шунида мешуд.
Бисёре аз соҳибназарон бар ин ақидаанд, ки маҳз сабти сураи Юсуф (а) бузургтарин нуқтаи гардиши ҳаёти ӯ буд ва ҳамин дастовард ӯро ба қуллаи шуҳрат расонд ва унвони арзандаи «Султони қориён»-ро насибаш гардонд.
Ӯ инчунин дар Иттиҳодияи қориён ва ҳофизони Қуръони Миср нақши муҳим ва муассир дошт.
Шайх Сайид Саид пас аз муддате мубориза бо беморӣ, рӯзи 24 майи соли 2025 (3 хурдоди 1404) дар синни 82-солагӣ аз ҷаҳон чашм пӯшид ва ба дидори Парвардигор шитофт.
Рӯҳаш шод ва ҷояш ҷаннат бод.
4354330