
Бино ба иттилои икно бо истинод ба сомонаи Остонаи муқаддаси Алавӣ, дар доираи омодагиҳо ба чорабиниҳои Ҳафтаи ҷаҳонии Ғадир, намояндагони бахши робитаҳои умумии Остонаи муқаддаси Имом Алӣ (а) ба як қатор зиёратгоҳҳо ва масоҷиди таърихии муқаддас сафар намуда, парчами Ғадир бузургтарин иди илоҳиро ба масъулони онҳо супориданд, то барои барафрохтани он дар ҳудуди муқаддаси ин маконҳо омода шаванд.
Ҳайати фиристодашуда аз ҳарами мутаҳҳари Имом Алӣ (а)-ро масъулон ва мутаваллиёни ҳарамҳо ва масоҷиди таърихӣ, аз ҷумла намояндагони масҷидҳои бузурги Кӯфа ва Саҳла ва инчунин намояндагони ҳарами саҳобаи гиромӣ Майсами Таммор истиқбол карданд.
Барномаҳои Ҳафтаи бошукӯҳи иди Ғадир аз имрӯз, душанбе, 11-уми хурдод, бо барафрохтани парчами бузургтарин иди илоҳӣ дар канори ҳарами Амирулмуъминин Алӣ (а) оғоз мегардад. Ҳамзамон ин парчам дар остонҳои муқаддас, маконҳои зиёратӣ, вилоятҳои гуногуни Ироқ ва чандин кишвари ҷаҳон низ барафрохта хоҳад шуд. Ин иқдом оғози ҷашнҳои бошукӯҳи иди Ғадир иди таҷдиди байъат ва садоқат ба мавлоямон Амирулмуъминин Алӣ (а)-ро нишон медиҳад.
Эълони рӯзи барафрохта шудани парчамҳои Ғадир дар 150 нуқтаи ҷаҳон
Остонаи муқаддаси Алавӣ эълон кард, ки омодагиҳои зарурӣ барои баргузории маросими барафрохтани парчами Ғадир дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ва вилоятҳои Ироқ барои рӯзи душанбе ба анҷом расидааст.
Ҳайдар Раҳим, раиси бахши расонаии Остонаи муқаддаси Алавӣ, дар нишасти хабарие, ки дар саҳни ҳазрати Фотима (с) бо ҳузури шабакаҳо ва хабаргузориҳои гуногун баргузор шуд, гуфт:
«Парчами Ғадир дар 150 маҳфили расмӣ дар дохил ва хориҷи Ироқ барафрохта хоҳад шуд. Ин ҷойҳо 87 макони байналмилалӣ дар 28 кишвар, 21 макон дар 15 вилояти Ироқ, 8 парчам дар остонҳои муқаддас, 26 парчам дар зиёратгоҳҳои шариф ва илова бар ин 8 макон дар шаҳри Наҷафи Ашраф ва атрофи онро дар бар мегиранд.»
Вай афзуд, ки кишварҳои аврупоӣ бештарини ҷойҳои баргузории ин маросимро ба худ ихтисос додаанд. Ба ин тартиб, 28 макон дар чанд кишвари аврупоӣ, аз ҷумла Британия, Шветсия, Олмон, Дания, Норвегия, Финландия, Испания, Нидерланд, Белгия, Руминия, Ҷумҳурии Чех, Фаронса ва Австрия барои барафрохтани парчам муайян шудаанд.
Ҳамчунин ин маросим дар Эрон (20 вилоят), Покистон (10 макон), Ҳиндустон (10 макон), Лубнон (3 макон), Туркия (2 макон), Австралия (3 макон), инчунин дар Таиланд, Индонезия, Чин, Арабистони Саудӣ ва Миср баргузор мешавад. Чанд кишвари африқоӣ, аз ҷумла Соҳили Оҷ, Нигерия ва Кения низ мизбони ин чорабинӣ хоҳанд буд.
Дар поён Ҳайдар Раҳим таъкид кард, ки имсол нисбат ба соли гузашта шумораи кишварҳо ва маҳфилҳое, ки шоҳиди барафрохта шудани парчами Ғадир хоҳанд буд, афзоиш ёфтааст.
4355449