
Бино ба иттилои икно, бо таваҷҷуҳ ба аҳаммияти баргузории мусобиқаҳои байналмилалии Қуръони Карими Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун яке аз бузургтарин рӯйдодҳои қуръонии ҷаҳони ислом дар соли 1405-и ҳиҷрии шамсӣ, Ҳуҷҷатулислом вал-муслимин Сайидмаҳдӣ Хомӯшӣ бо судури ҳукме Ҳуҷҷатулислом Сайидносириддин Нуризода-ро ба унвони раиси ситоди баргузории давраҳои 42-юм ва 43-юми мусобиқаҳои байналмилалии Қуръони Карим мансуб намуд.
Дар матни ин ҳукм бар зарурати зинда нигоҳ доштани ёд ва хотираи раҳбари шаҳиди уммат ва шаҳидони ҷанги Рамазон таъкид шудааст. Ҳамчунин зикр гардидааст, ки бо фаъолсозии дабирхона, истифода аз тамоми имконот ва зарфиятҳои мавҷуд, ҳамкории ҳамаҷонибаи муовинон ва мудирони созмон, баҳрабардорӣ аз тавоноиҳои дигар ниҳодҳои иҷроии кишвар, риояи сарфаю сариштакорӣ дар хароҷот ва барномарезии дақиқ, барои ҳарчи беҳтар баргузор намудани ин давраи мусобиқаҳо иқдомҳои зарурӣ анҷом дода шаванд.
Мусобиқаҳои байналмилалии Қуръони Карими Ҷумҳурии Исломии Эрон аз муҳимтарин чорабиниҳои қуръонии ҷаҳони ислом ба шумор рафта, ҳамасола бо иштироки қориён, ҳофизон ва фаъолони қуръонӣ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон баргузор мегарданд.
4355539