IQNA

Истифодаи забони муосир дар тарҷумаи Қуръон барои навмусулмонони Лаҳистон

20:15 - June 02, 2026
рақами хабар: 4693
Навтарин тарҷумаи Қуръони Карим ба забони лаҳистонӣ, ки бо кӯшиши гурӯҳе аз навмусулмонони Лаҳистон нашр шудааст, талош кардааст бо истифода аз забони равон ва муосир ва бидуни корбурди вожаҳои кӯҳнашуда барои ҳамаи хонандагон қобили дарк бошад.

Бино ба иттилои икно бо истинод ба «Глобал Қуръон», тарҷумаҳои Қуръон ба забони лаҳистонӣ одатан бо мероси тоторҳои Лаҳистону Литва иртибот доранд, аммо дар солҳои охир таҳаввулоти нав ва қобили таваҷҷуҳе дар ин замина ба вуҷуд омадааст.

Масалан, соли 2021 тарҷумаи нави Қуръон аз ҷониби «Анҷумани ваҳдати мусулмонон» (SJM) нашр гардид. Тарҷумони ин асар Рафаэл Бергер (тавваллуди 1963), нависанда ва рӯзноманигори лаҳистонӣ мебошад, ки ҳоло раиси ин анҷуман ва имоми асосии он аст.

Ин тарҷума кори як нафар набуд. Бергер дар таҳия ва вироиши матн аз ҳамкории чандин нафар баҳра бурдааст, аз ҷумла Аркадиуш Мирник (тавваллуди 1981), имоми ҷомеаи мусулмонони муқими Британия бо асли лаҳистонӣ ва Маҳмуд Тоҳа Жук (тавваллуди 1939), муҳаққиқ ва фаъоли шинохтаи лаҳистонӣ, ки аз чеҳраҳои барҷастаи эҳёи ҳувияти исломӣ дар Лаҳистон пас аз давраи сотсиализм ба шумор меравад.

Қобили зикр аст, ки Маҳмуд Тоҳа Жук, ки ҳамчун муҳаррири асосии ин тарҷума шинохта мешавад, қаблан низ соли 1990 тарҷумаи лаҳистонии Қуръонро бар асоси тарҷумаи англисии Шер Алӣ омода карда буд.

Ҳимояти молии шиаи Хӯҷа

Лоиҳаи тарҷумаи Бергер аз ҷониби Федератсияи ҷаҳонии ҷомеаҳои мусулмонони шиаи Хӯҷаи исноашарӣ, ки қароргоҳаш дар Британия мебошад, маблағгузорӣ шудааст.

Ин созмон як ниҳоди шиъӣ аст, ки бештар дар кишварҳои ғарбӣ фаъолият мекунад ва намояндаи ҷомеаи шиаи Хӯҷа дар байни пайравони мазҳаби шиаи дувоздаҳимомӣ мебошад.

Аъзои ин ҷомеа аз ақаллияти қавмиву мазҳабии минтақаи Гуҷароти Ҳиндустон мебошанд. Ниёгони онҳо дар асри XV ба исмоилияи низорӣ гаравида, сипас дар асри XIX ба мазҳаби шиаи дувоздаҳимомӣ пайвастаанд.

Аз нигоҳи ақидатӣ, шиаи Хӯҷа бо раҳбарони шиаи Ироқ, аз ҷумла Оятуллоҳи Узмо Сайид Алӣ Систонӣ, робитаи наздик дорад ва аз ин роҳ ба шабакаи ҷаҳонии ҷомеаҳои шиъӣ пайваст шудааст.

Забони содда ва имрӯзӣ

Дар бораи матни тарҷума гуфта мешавад, ки муқаддимаҳои навишташуда аз ҷониби тарҷумон ва ҳамкоронаш хеле омӯзанда ва муфид мебошанд. Пас аз шарҳи аҳаммияти Қуръон барои мусулмонон, онҳо таърихи мухтасари тарҷумаҳои Қуръон ба забони лаҳистониро баён намуда, бартарӣ ва камбудиҳои тарҷумаҳои пешинаро низ баррасӣ кардаанд.

Ба назар мерасад ҳадафи асосӣ пешниҳод намудани тарҷумае будааст, ки бо забони муосири лаҳистонӣ, равон ва бидуни истифода аз таъбирҳои куҳна навишта шуда бошад ва барои ҳамаи хонандагон, новобаста аз сатҳи дониши онҳо, қобили фаҳм бошад. Ҳамчунин дар ин асар аз поварақиҳои кӯтоҳ ва тавзеҳии зиёд истифода шудааст.

Ба гуфтаи мунаққидон, ин ҳадаф то ҳадди зиёде бо муваффақият амалӣ гардидааст.

Гарчанде ин тарҷума соли 2021 ба нашр расидааст, пеш аз он низ дар шакли онлайн тавассути сомонаи махсуси корбарписанд дастрас шуда буд ва баъзе сураҳои он ҳамчун файлҳои савтӣ низ пешниҳод гардидаанд.

Дар маҷмӯъ, ин тарҷума аз чанд ҷиҳат ба ниёзҳои хонандагони муосир ҷавобгӯ мебошад: истифода аз забони имрӯзӣ, доштани тавзеҳоти кӯтоҳу равшан ва ҷалби таваҷҷуҳи навмусулмононе, ки ба ҷомеаҳои суннатии мусулмонони Лаҳистон, аз қабили тоторҳо ё муҳоҷирони Ховари Миёна, тааллуқ надоранд.

Ба назар мерасад, ки ин тарҷума яке аз фарогиртарин манобеи тафсири шиъии Қуръон аст, ки на танҳо дар Лаҳистон, балки дар тамоми минтақаи Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ таҳия ва нашр шудааст.

4353356

captcha