
Ба гузориши ИКНА бо истинод ба Маркази иттилоотии Фаластин, гурӯҳи кишварҳои арабӣ дар СММ бо изҳори нигаронии амиқ вазъият дар Каронаи Бохтарӣ, Қудс ва Ғаззаро бисёр хатарнок арзёбӣ кард. Ин гурӯҳ эълом намуд, ки режими Исроил дар ҳоли анҷом додани иқдомҳои якҷонибаест, ки роҳи ҳалли ду давлатро ба хатар меандозанд. Бар асоси баёнияи гурӯҳи арабӣ, режими саҳюнистӣ аз шароити минтақа сӯиистифода мекунад, то тағйироти якҷонибаро дар сарзаминҳои ишғолшудаи Фаластин таҳмил намояд.
Ин гурӯҳ сиёсати ҳукумати Нетаняҳу, Смотрич ва Бен-Гвирро ошкоро маҳкум карда, изҳор дошт, ки ин сиёсатҳо бо ҳадафи аз байн бурдани имконияти татбиқи роҳи ҳалли ду давлат пеш бурда мешаванд. Дар идомаи баёния, барномаи густариши шаҳраксозии исроилӣ ҳамчун тарҳе барои пайвастани шаҳракҳо ва тақсим кардани ҷуғрофиёи Каронаи Бохтарӣ муаррифӣ шудааст.
Гурӯҳи арабӣ ҳамчунин ба асноди мустанад дар бораи нақзи ҳуқуқи асирони фаластинӣ, аз ҷумла занон ва духтарон, инчунин хушунатҳои ҷинсӣ нисбати онҳо ишора кард. Ин ниҳод таъкид намуд, ки иқдомҳои ахири режими Исроил ҳодисаҳои ҷудогона нестанд, балки бахше аз як стратегия ва барномаи ҳамоҳангшуда барои заиф кардани ҳуқуқи фаластиниҳо ба ҳисоб мераванд.
Дар поёни баёния, гурӯҳи арабӣ зимни маҳкум кардани иқдомҳои режими Исроил алайҳи Оҷонси кумакрасонӣ ва шуғлёбии гурезагони фаластинӣ (УНРВА), тамоми талошҳоро барои тағйир додани вазъияти сарзаминҳои ишғолшудаи Фаластин аз соли 1967, аз ҷумла Қудси Шарқӣ, ғайриқобили қабул донист.
Ҳамзамон, Созмони Ҳамкории Исломӣ низ нисбат ба паёмадҳои сиёсатҳои Исроил ҳушдор дод. Ин созмон эълом кард, ки густариши тарҳҳои шаҳраксозӣ ва сохтмони маҳаллаҳои нав ягонагии сарзаминҳои ишғолшудаи Фаластинро тавассути тақсим кардани Каронаи Бохтарӣ ба хатар меандозад.
Созмони Ҳамкории Исломӣ ҳамчунин тасвиби сохтмони як маҷмааи низомӣ дар маҳалли пешини қароргоҳи УНРВА-ро шадидан маҳкум карда, ин иқдомро «нақзи ошкори масуният ва дахлнопазирии биноҳо ва муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид» арзёбӣ намуд ва бар зарурати эҳтиром ба қонунҳои байналмилалӣ таъкид кард.
4356368