
Ба гузориши икно ба нақл аз шабакаи «Ал-Масира», Яман тангаи Бобулмандабро ба рӯи киштиҳои вобаста ба режими саҳюнистӣ бастааст.
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман бо эълони ҳамлаи мушакӣ ба Тел-Авив изҳор дошт, ки ҳаракати киштиҳо барои режими саҳюнистӣ дар Баҳри Сурх пурра манъ шудааст.
Яҳё Сареъ дар баёнияе гуфт:
«Дар чорчӯби муқобила бо таҷовузҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ ба меҳвари ҷиҳод ва муқовимат дар Эрон, Фаластин, Лубнон, Ироқ ва Яман, инчунин дар мухолифат бо тарҳи саҳюнистии таъсиси “Исроили Бузург” таҳти унвони “Ховари Миёнаи нав”, ва ҳамзамон барои шикастани муҳосираи золимонаи душмани амрикоӣ алайҳи мардуми мо ва миллатҳои озодаву азизи Лубнон, Ғазза ва Эрон, нерӯҳои мусаллаҳи Яман чанд мушакро ба сӯи ҳадафҳои муҳими душмани исроилӣ дар Тел-Авив партоб карданд.»
Дар ин баёния омадааст, ки ҳамла бо дақиқии баланд анҷом шуда, ба ҳадафҳои муайяншуда расидааст.
Пеш аз ин, артиши Исроил субҳи рӯзи душанбе эълон карда буд, ки як мушак аз Яман ба сӯи сарзаминҳои ишғолшудаи Фаластин партоб шудааст.
Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман низ дар баёнияи расмии худ эълон кард, ки киштиҳои исроилӣ наметавонанд аз Баҳри Сурх убур намоянд.
Аҳамияти ин роҳи обӣ аз аҳамияти тангаи Ҳурмуз камтар нест. Ҳар рӯз тақрибан 3,9 миллион бушка нафт, ки муодили тақрибан 12 дарсади тиҷорати баҳрии ҷаҳон мебошад, аз ин гузаргоҳи 29-километра мегузарад.
4356916