
Ба гузориши икно ба нақл аз «Бизнес Тудей», гузориши муассисаи «Динор Стандарт» нишон медиҳад, ки Малайзия ҳамчунин дар бахшҳои ғизои ҳалол, молияи исломӣ, дорусозӣ ва маҳсулоти ороишиву беҳдоштии ҳалол низ ҷойи аввалро соҳиб шудааст.
Малайзия дар бахши расона ва фароғат мақоми дуюм ва дар бахшҳои сайёҳии мутобиқ ба ниёзҳои мусулмонон ва либосҳои исломиву пӯшида ҷойи чорумро касб кардааст. Ин кишвар дар ҳамаи шаш бахши арзёбишудаи гузориш дар байни чаҳор кишвари беҳтарин қарор гирифтааст.
Дар сатҳи ҷаҳонӣ, хароҷоти истеъмолкунандагони мусулмон дар шаш бахши асосии иқтисоди исломӣ дар соли 2024 ба 2,6 триллион доллари амрикоӣ расидааст. Пешбинӣ мешавад, ки ин рақам то соли 2029 ба 3,56 триллион доллар афзоиш ёбад, ки нишондиҳандаи суръати рушди миёнаи солонаи 6,5 фоиз мебошад.
Ғизо ва нӯшокиҳои ҳалол ҳамоно бузургтарин бахши иқтисоди исломӣ боқӣ монда, дар соли гузашта 1,53 триллион доллар аз ҳаҷми умумии хароҷотро ба худ ихтисос додаанд.
Нишондиҳандаҳои тиҷорати ҳалоли Малайзия низ беҳтар шудаанд. Ин кишвар дар байни даҳ воридкунандаи асосии маҳсулоти марбут ба ҳалол дар кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (OIC) баландтарин сатҳи рушдро сабт кардааст. Ҳаҷми воридоти он ба 30,64 миллиард доллари амрикоӣ расида, нисбат ба соли пеш 12,41 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, дороиҳои молияи исломӣ дар ҷаҳон дар соли 2024 ба 5,99 триллион доллар расидаанд ва интизор меравад, ки то соли 2029 ба 9,72 триллион доллар афзоиш ёбанд.
Бар асоси таҳлили «Динор Стандарт» аз беш аз 86 миллион муомила ва ҳамкорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, истеъмолкунандагони мусулмон бештар аз пеш аз брендҳои ахлоқӣ, маҳаллӣ ва ҷойгузин ҳимоят мекунанд. Ин нишон медиҳад, ки рафтори харидорӣ бар пояи арзишҳо ҳатто пас аз мавҷҳои аввалияи таҳримҳо низ идома дорад.
Дар ин гузориш инчунин имкониятҳои нави рушд дар соҳаҳои сертификатсияи ҳалол бо истифода аз зеҳни сунъӣ, пайгирии маҳсулот тавассути блокчейн, молияи рақамии исломӣ, доруҳои ҳалол, маҳсулоти ороишӣ бо таркиби пок ва инчунин расонаҳо ва фароғатҳои дорои муҳтавои исломӣ муайян шудаанд.
Дар раддабандии мазкур, Амороти Муттаҳидаи Араб мақоми дуюми ҷаҳонро касб кардааст. Пас аз он Арабистони Саудӣ, Индонезия ва Баҳрайн ҷой гирифтаанд.
4356580