
Ба гузориши икно ба нақл аз «Ал-Балад», санади сиёсие, ки аз ҷониби Анҷумани милии афсарони мусалмони полис (NAMP) дар Британия нашр шудааст, пас аз он ки дорои мавқеъгириҳои зидди Исроил ва нигаронкунанда арзёбӣ гардид, вокунишҳои густардаеро ба бор овард.
Тибқи гузориши рӯзномаи Daily Mail, ин санад, ки баъдан аз интернет ҳазф шуд, режими саҳюнистиро ҳамчун «созмони террористии саҳюнистӣ» муаррифӣ кардааст. Дар он ҳамчунин саҳюнизм яке аз намунаҳои «нафрат нисбат ба мусулмонон» дониста шуда, баъзе ривоятҳои марбут ба ҳамлаҳои 7 октябр зери суол бурда шудаанд ва «беасос» номида шудаанд.
Ин санад инчунин ба он чизе, ки «истифодаи номуносиб аз Ҳолокост» дар тавсифи низои Исроил ва Фаластин хонда шудааст, ишора мекунад. Ин мавқеъгирӣ боиси интиқодҳои шадиди созмонҳои яҳудӣ гардид, ки чунин изҳоротро фаротар аз доираи интиқоди сиёсӣ ва таҳдиде барои бетарафии ниҳодҳои амниятӣ медонанд.
Созмони мубориза бо яҳудиситезӣ дар Британия аз нашри чунин санад дар платформаҳои вобаста ба нерӯҳои полис изҳори нигаронӣ намуда, хостори анҷоми таҳқиқоти расмӣ ва посухгӯйии масъулони таҳия ва нашри он шудааст.
Аз ҷониби дигар, созмонҳои яҳудии Британия ҳушдор доданд, ки паҳн шудани чунин матолиб дар муҳитҳои полис метавонад ба эътимоди ҷомеаи яҳудӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсир расонад. Онҳо аз мақомоти дахлдор дархост карданд, ки тарзи таҳия ва паҳншавии ин санадро равшан созанд ва кафолат диҳанд, ки дар оянда аз чунин мавод истифода нахоҳад шуд.
4356865