
Ба гузориши икно бо истинод ба хабаргузории «Нун»-и Ироқ, Идораи шиъорҳо ва мавкибҳои ҳусайнӣ дар ҳарами мутаҳҳари Ҳусайнӣ бо ишора ба он ки барои мавкибҳои азодорӣ ва хизматрасонии моҳи Муҳаррам аз ҳамаи вилоятҳо ва кишварҳои мухталиф, ки дар зиёрати Арбаин иштирок мекунанд, 14 ҳазор кӯмаки молӣ ҷудо шудааст, таъкид кард: барои мавкибҳои азодорӣ ва хизматрасонӣ дар даҳаи аввали Муҳаррами имсол 746 иҷозатнома содир гардидааст.
Муҳаммад Карим Азиз, раиси ин идора, дар мусоҳиба бо хабаргузории «Нун» гуфт: ин идора омодагиҳои ибтидоиро барои баргузории маросимҳои даҳ рӯзи аввали моҳи Муҳаррам ва Ошӯрои Ҳусайнӣ ба анҷом расонида, кумитаи махсусеро барои танзими додани иҷозатномаҳои расмӣ таъсис додааст. Ин кумита аз се ниҳод иборат аст: Байнулҳарамайн, Фармондеҳии пулиси Карбало ва худи Остони муқаддаси Ҳусайнӣ. Вазифаи кумита додани иҷозатномаҳои расмӣ ба мавкибҳои азодорӣ ва хизматрасонӣ мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин нишаст тадорукоти баргузории маросимҳои даҳаи аввали моҳи Муҳаррам мавриди мувофиқа қарор гирифт. Ин маросимҳо аз шаби аввали Муҳаррам бо ойини иваз кардани парчами азодорӣ оғоз шуда, то рӯзи даҳум бо маросими Тувайриҷ идома меёбанд.
Муҳаммад Карим Азиз ҳамчунин изҳор дошт, ки шумораи мавкибҳо нисбат ба моҳи Муҳаррами соли гузашта 25 дарсад афзоиш ёфтааст. Вай афзуд: дар мавриди зиёрати Арбаин, ин идора барои мавкибҳои азодорӣ ва хизматрасонии ҳусайнӣ, ки аз тамоми вилоятҳо ва кишварҳои гуногун меоянд, 14 ҳазор кӯмаки молӣ ҷудо кардааст ва ин шумора ҳар сол рӯ ба афзоиш аст.
4357365