IQNA

Замони иваз кардани парчами гунбади ҳарами Имом Ҳусайн (а) эълон шуд

10:33 - June 16, 2026
рақами хабар: 4735
Дар остонаи фаро расидани моҳи Муҳаррам, остони муқаддаси Имом Ҳусайн ибни Алӣ (а) санаи баргузории маросими иваз кардани парчами гунбади ҳарами Имом Ҳусайн (а)-ро эълон кард.

Бино ба гузориши хабаргузории «икно» ба нақл аз пойгоҳи хабарии «Ҷидор Бағдод», дар арафаи фаро расидани моҳи Муҳаррам, остони муқаддаси Имом Ҳусайн (а) санаи баргузории маросими иваз кардани парчами гунбади ҳарами Имом Ҳусайн (а)-ро расман эълон намуд.

Остони муқаддаси Имом Ҳусайн (а) хабар дод, ки маросими иваз кардани парчами гунбади ҳарами Сайидушшуҳадо, Имом Ҳусайн (а), рӯзи сешанбе, 16 июни соли 2026, баъд аз намози шом (мағриб) дар саҳни ҳарам баргузор хоҳад шуд.

Дабирхонаи умумии остони муқаддас таъкид кард, ки маросими иваз кардани парчам оғози ойинҳои бузургдошти қиёми Имом Ҳусайн (а) ва фаро расидани моҳи мубораки Муҳаррамулҳаром ба шумор меравад.

4358237

captcha