Ба гузориши ИКНО ба нақл аз «Ал-Аҳд», маросими иваз кардани парчами гунбази оромгоҳи бону Хавла бинти Имом Ҳусайн (а) бо парчами сиёҳ низ баргузор гардид, ки ин нишонаи оғози эҳёи маҷлисҳо ва маросимҳои Ошӯро дар ин минтақа мебошад.
Дар ин маросим Ҳоҷӣ Ҳусайн Насруллоҳ, мутаваллии ҳарами мутаҳҳари Хавла (с), суханронӣ карда гуфт: «Ин хотираҳо моро ба рӯзи андӯҳ бозмегардонанд. Салом бар сарвари мо, Имом Ҳусайн (а)! Эй сарвари шаҳидон, хонаводаҳои шаҳидони муқовимати исломӣ аз ин макони муқаддас ба шумо дуруд мефиристанд. Онҳо фарзандон ва ҳамсарони худро дар ин роҳ тақдим намуда, ҳар он чиро доштанд, фидо карданд.»
Ӯ афзуд: «Имрӯз мо дар саҳни мутаҳҳари Сайида Хавла (с) истодаем, то парчами азоро ба нишонаи оғози моҳи муҳаррами соли 1448 ҳиҷрии қамарӣ барафрозем ва оғози маросими азодорӣ ва сӯгворӣ барои сарвари мо Имом Ҳусайн (а), бародарон, фарзандон ва ёрони ӯро эълом намоем. Мо бо тамоми вуҷуди худ ба Абӯабдуллоҳ (а) таслият мегӯем. Шуҷоат ва қаҳрамонии ин Имоми бузург барои мо ва барои уммати исломӣ дар ин даврон мояи ифтихор аст.»
4358601