Ба гузориши икно ба нақл аз «Садӣ ал-Балад», Аҳмад ат-Тайиб ба муносибати Соли нави ҳиҷрии қамарӣ самимонатарин табрикот ва беҳтарин орзуҳои худро ба Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ, мардуми Миср ва уммати арабу исломӣ иброз намуда, аз Худованди Мутаол хост, ки ин сол барои тамоми башарият соли пур аз хайр, баракат, амният ва сулҳ бошад.
Ӯ дар ин муносибат ҳамагонро ба илҳом гирифтан аз арзишҳои пойдорӣ, азму ирода, устуворӣ дар роҳи ҳақ ва аҳамият додан ба ҳифзи эҳтироми сарзаминҳо дар Ислом даъват кард.
Шайхи Ал-Азҳар изҳор дошт, ки ҳиҷрати Паёмбар (с) дарси меҳварӣ дар таърихи Ислом ва сираи набавӣ мебошад ва пайравӣ аз он ҳазрат дар заминаи имони қавӣ ба Худо, таваккул, сабру истиқомат дар душвориҳо барои таблиғи Ислом ва пешниҳоди беҳтарин намунаҳои ҳамзистии осоишта бо ғайримусулмонон дар зеҳни мусулмонон реша давондааст.
Аҳмад ат-Тайиб аз тамоми уммати исломӣ хост, ки ба равиши эътидол ва миёнаравӣ пойбанд бошанд ва ҳамзамон бо мухолифат бо омилҳои тафриқа ва ихтилоф, барои таҳкими ваҳдати исломӣ ва ҳамкории муштарак миёни миллатҳои худ талош намоянд, то сулҳ, некӯаҳволӣ ва пешрафт барои онҳо муҳайё гардад.
Ӯ дар поён аз Худованди Мутаол хост, ки аз уммати арабу исломӣ муҳофизат кунад, онҳоро аз ранҷу машаққат наҷот диҳад, сафҳои онҳоро муттаҳид созад, дар миёни онҳо ваҳдати калима ба вуҷуд оварад ва раҳбарони ҷаҳонро ба пойбандӣ ба арзишҳои ҳақ, адолат ва баробарӣ миёни мардум ҳидоят намояд.
4358608