IQNA

Тақдими беш аз 370 ҳазор нусхаи Қуръон ба ҳоҷиён дар фурудгоҳи Ҷидда

21:03 - June 18, 2026
рақами хабар: 4739
Вазорати корҳои исломӣ, даъват ва иршоди Арабистони Саудӣ аз тақдими 374 ҳазор нусхаи Қуръони Карим ба зиёраткунандагон дар мавсими Ҳаҷи имсола хабар дод.

Ба гузориши икно ба нақл аз «Ан-Наҳор», намояндагии Вазорати корҳои исломӣ, даъват ва иршоди Арабистони Саудӣ дар минтақаи Макка тавассути дафтари фаъолиятҳои худ дар Фурудгоҳи байналмилалии Малик Абдулазиз, аз оғози мавсими Ҳаҷ аз 12-уми Зилҳиҷҷа то 23-уми Зилҳиҷҷаи соли 1447 ҳиҷрии қамарӣ, ба ҳоҷиёне, ки аз ин фурудгоҳ Арабистони Саудиро тарк намудаанд, 374 ҳазору 660 нусхаи Қуръони Карим ҳадя кардааст. Ин иқдом бахше аз талошҳои ин вазорат барои хайрухуш бо меҳмонони Худо буд.

Ин вазорат тавзеҳ дод, ки ин ҳадя нусхаҳои чопии Қуръони Карими нашршуда аз ҷониби Маҷмааи чопи Қуръони Карими Малик Фаҳд-ро дар андозаҳои гуногун дар бар гирифта, ҳамчунин тарҷумаи маъноҳои Қуръони Карим ба беш аз 80 забони байналмилалиро низ шомил будааст.

Ин иқдом ба зиёраткунандагон кӯмак мекунад, ки аз Китоби Худо баҳра бигиранд ва дар маъноҳои он бо забони худ тааммул ва андеша намоянд.

Ин ҳадя дар доираи таваҷҷуҳи Арабистони Саудӣ ба меҳмонони Хонаи Худо ва талошҳои ин кишвар барои хизмат ба Ислом ва мусулмонон ва густариши Китоби Худо миёни ҳоҷиён тақсим шудааст. Ин амал инчунин нишондиҳандаи хадамоти ҳамоҳанг ва фарогире мебошад, ки аз лаҳзаи вуруди ҳоҷиён ба Арабистони Саудӣ то замони бозгашташон ба кишварҳои худ ба онҳо пешниҳод мегардад.

4358414

captcha