Бино ба гузориши икно ба нақл аз «Ал-Ватан», ин иқдом дар чорчӯби барномаҳои фарҳангӣ ва омӯзишии осорхона барои гиромидошти ёд ва хотираи ҳиҷрати Паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с) анҷом шудааст; рӯйдоди таърихие, ки оғози тақвими ҳиҷрии қамарӣ ба шумор меравад ва дар таърих ва ҳувияти тамаддуни исломӣ ҷойгоҳи вижа дорад.
Тақвими ҳиҷрии қамарӣ бо воқеаи ҳиҷрати Паёмбари Акрам (с) аз Макка ба Мадина дар соли 622 мелодӣ пайванд дорад. Ин рӯйдоди сарнавиштсоз заминаи ташаккули ҷомеа ва ҳукумати исломиро фароҳам овард ва саҳифаи наверо дар таърихи мусулмонон боз намуд.
Осорхонаи Фурудгоҳи Қоҳира ба ин муносибат нусхаи арзишманди Қуръони хаттиро ба намоиш гузоштааст, ки таърихи нигориши он ба соли 954 ҳиҷрии қамарӣ, мутобиқ ба соли 1548 мелодӣ, бармегардад.
Ин мусҳаф бо сиёҳӣ бар рӯи коғаз навишта шуда, бо санъати тазҳиб ва ороишоти нозуки исломӣ зинат ёфтааст. Ин асар бо имзои хаттот Аҳмад ибни Ҷалиёнӣ ороста буда, аз намунаҳои барҷастаи ҳунари хушнависӣ ва китобороии исломӣ дар давраи Усмонӣ ба шумор меравад.
Ин намоишгоҳ ҳамчунин бахше аз таърихи тадвин ва ҷамъоварии Қуръони Каримро барои боздидкунандагон бозгӯ мекунад.
Намоиши ин Қуръони нафис дар ростои нақши фарҳангӣ ва омӯзишии осорхонаҳои Миср дар муаррифии мероси исломӣ ва тамаддунӣ баргузор шудааст.
Масъулони осорхона бар ин боваранд, ки чунин осор метавонанд боздидкунандагони дохилӣ ва хориҷиро бо бахши муҳиме аз таърихи динӣ, фарҳангӣ ва ҳунарии ҷаҳони Ислом ошно созанд.
4358903