Филми «Қасам мехӯрам» (I Swear) саргузашти инсоне аст, ки дар миёни ранҷу машаққат дар ҷустуҷӯи ҳақиқат мебошад. Баъзан дард на нишонаи дурӣ аз раҳмати илоҳӣ, балки муқаддимае барои расидан ба шифо ва бедорист.
Филми «Қасам мехӯрам», маҳсулоти Британияи Кабир дар соли 2025, як драмаи зиндагиномавӣ аст, ки бар асоси зиндагии воқеии Ҷон Дэвидсон сохта шудааст; шахсе, ки солҳои зиёд бо Синдроми Турет зиндагӣ кардааст ва баъдтар ба яке аз маъруфтарин фаъолони баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар ин замина табдил ёфтааст.
Филмро Кирк Ҷонс коргардонӣ кардааст ва нақши асосиро Роберт Арамайо иҷро мекунад.
Синдроми Турет як ихтилоли асабӣ ва рушдӣ мебошад, ки бо тикҳои ҳаракатӣ ва овозии ғайриихтиёрӣ шинохта мешавад. Ин тикҳо одатан аз кӯдакӣ оғоз мешаванд ва шиддати онҳо дар тӯли замон метавонад тағйир ёбад.
Ҷон Дэвидсон, қаҳрамони асосии достон, аз замоне ки бо нишонаҳои беморӣ рӯ ба рӯ шуд, бештар аз ранҷ ва душвориҳои ҷисмонӣ бо як чолиши зеҳнӣ дасту панҷа нарм мекард: «Чаро ман?» Ӯ пайваста дар андеша буд, ки дар ҷаҳон он қадар ҷинояткорон ва гунаҳкорон вуҷуд доранд, ки сазовори чунин ранҷ бошанд, пас чаро ин ҳодиса барои ӯ рӯй додааст?
Нақши хонавода ва ҳомии дилсӯз дар дарк ва пазируфтани беморӣ бисёр муҳим аст. Вақте нишонаҳои беморӣ дар Ҷон ошкор шуданд, падараш ин воқеият ва масъулиятро напазируфт ва онҳоро тарк кард. Модараш низ кӯшиш мекард бемории фарзандашро қабул кунад, аммо натавонист ба таври дуруст нақши пуштибони худро иҷро намояд.
Бо вуҷуди ин, Ҷон дар тӯли филм бо кӯмаки модари ҳамсинфи пешинааш, ки ҳамшираи солимии равонӣ буд, дарк ва дастгирӣ шуд ва ба рушду камолоти шахсӣ ва худшиносӣ расид ва ба саволҳои зеҳнии худ ҷавоб пайдо кард.
Дар он солҳо синдроми Турет чандон шинохташуда ва маъмул набуд ва дигарон дар бораи он маълумоти кофӣ надоштанд. Ҷон тадриҷан роҳи худро пайдо кард ва дарёфт, ки рисолати ӯ кумак ба ҳамнавъони худест, ки ба ин беморӣ гирифторанд.
Ӯ дар соҳаҳои омӯзиш, ҳимояти беморон ва мубориза бо доғу бадномсозии иҷтимоии марбут ба ин беморӣ фаъолияти зиёд анҷом дод; то ҷое ки дар соли 2019 ба нишони ифтихории шоҳигарии OBE аз ҷониби маликаи Британия сарфароз гардид.
Тавозун миёни талхӣ ва умед
Филм, бо вуҷуди пардохтан ба табъиз, бардоштҳои нодурусти иҷтимоӣ ва ранҷҳои бархоста аз беморӣ, ба эҳсосотгароии ифротӣ намеафтад. Лаҳни он дар бисёр лаҳзаҳо гарму умедбахш аст ва роҳи рушди қаҳрамони асосиро ба шакли илҳомбахш нишон медиҳад.
Ин филм бештар аз он ки танҳо дар бораи як беморӣ бошад, дар бораи каромати инсонӣ, пазируфтани фарқиятҳо, мубориза бо довариҳои ноогоҳона ва табдил додани маъюбият ба фурсат барои рушд ва камолоти вуҷудӣ мебошад.
4358638