IQNA

Нашри клипи мусиқии англисизабони «Даст аз Эрон бардор» + филм

1:34 - July 05, 2026
рақами хабар: 4784
Клипи мусиқии «Даст аз Эрон бардор» (Hands Off Iran) бо шеъри Саҷҷод Маҳмудӣ, устоди Донишгоҳи Маккуории Австралия ва бо иҷрои Yusuf AI (Юсуф AI) ба забони англисӣ мунташир шуд.

Бино ба гузориши икно ба нақл аз бахши расонаии намояндагии фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Индонезия, клипи «Даст аз Эрон бардор» дар бораи истодагӣ, ифтихори миллӣ ва дифоъ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад.

Ин тарона ба таърих ва фарҳанги ғании Эрон ишора намуда, таъкид мекунад, ки мардуми Эрон бо дониш, имон ва ваҳдати худ ба ҳидоят ё ҳукмронии қудратҳои хориҷӣ ниёз надоранд.

Паёми асосии ин тарона он аст, ки ҳеҷ нерӯи хориҷӣ наметавонад Эронро шикаст диҳад ва мардуми ин кишвар бо истодагӣ ва ҳамбастагии худ ҳамеша неруманд ва пойдор боқӣ мемонанд.

Шиори «Hands off Iran» («Даст аз Эрон бардор») дар тамоми тарона такрор мешавад, то ҳисси эътироз, муқовимат ва ифтихори миллиро ба шунаванда интиқол диҳад.

Яҳё Ҷаҳонгирӣ, намояндаи фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Индонезия, дар таҳия ва ҳамкории муштараки ин асар саҳм доштааст.

تعداد بازدید : 1
код

4362025

captcha