IQNA

Мақоми собиқи режими саҳюнистӣ:

Маросими ташйеи раҳбари шаҳид нишондиҳандаи қудрати Эрон аст

10:23 - July 06, 2026
рақами хабар: 4794
Як мақоми собиқи созмони амнияти дохилии Исроил (Шин Бет) эътироф кард, ки тарзи баргузории маросими ташйеи ҷанозаи раҳбари шаҳид, Оятуллоҳ Сайидалӣ Хоманаӣ, нишондиҳандаи қудрати Эрон мебошад.

Ба гузориши икно ба нақл аз шабакаи Ал-Майёдин, Амит Аса, мақоми собиқи Созмони амнияти дохилии Исроил (Шин Бет), изҳор дошт, ки маросими ташйеи раҳбари шаҳид, Оятуллоҳ Сайидалӣ Хоманаӣ, қудрат ва тавоноии Эронро нишон медиҳад.

Ӯ дар мусоҳиба бо шабакаи исроилии i24NEWS гуфт:

«Ҷамъияти бисёр бузурге дар ин маросим ширкат кардааст ва ин нишон медиҳад, ки Эрон аз қудрати назаррас бархӯрдор аст.»

Амит Аса ҳамчунин изҳор дошт, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, воқеан дарк накардааст, ки бо чӣ тараф рӯбарӯ аст ва бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои ахири худ дар Ховари Миёна, дар масири нодуруст ҳаракат мекунад.

4362319

captcha