
Ҳафтоду шашумин сураи Қуръони Карим “Инсон” ном дорад. Ин сура бо 31 ояи дар ҷузъи 29 Қуръони Карим ҷой гирифтааст. Сураи Инсон, ки сураи маданӣ аст, дар тартиби нузул наваду ҳаштумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.
Ин сураро “Инсон” номидаанд чаро, ки ин калима дар аввалин ояти ин сура омадааст. Ба ин сура Аброр (некон) низ мегӯянд; Зеро ин калима дар ояти панҷум омада ва беш аз нисфи ин сура дар мавриди вижагиҳои некӯкорон аст.
Сураи Инсон дар бораи хилқат ва ҳидояти инсон, вижагиҳои некӯкорон ва неъматҳои Худованд ба онон ва ҳамчунин аҳамияти Қуръон ва тақдири Парвардигор сухан мегӯяд.
Матолиби ин сураро дар шаш мавзӯъ тақсимбандӣ кардаанд:
Аввал: офариниши инсон, хилқати ӯ аз нутфа, ва ҳидоят ва озодии иродаи ӯ; Дуввум: подоши некӯкорон; Севвум: вижагиҳои афроди нек, ки боис мешавад шоистаи дарёфти подоши илоҳӣ бошанд; Чаҳорум: аҳамияти Қуръон, равиши иҷрои аҳкоми он ва роҳи сахт ва тӯлонии худсозӣ; Панҷум: ҳокимият хости илоҳӣ ва шашум: неъматҳои биҳиштӣ.
Бинобар назари бисёре аз муфассирони мусулмон, ояти ҳаштуми ин сура маъруф ба ояти итъом (ғизододан), барои ҷойгоҳ ва мақоми Ҳазрати Алӣ (а), Фотимаи Заҳро (с) ва ду фарзандашон яъне Ҳасан ва Ҳусайн (а) нозил шудааст. Онҳо се рӯз ба хотири назре, ки доштанд рӯза гирифтанд ва бо инки гурусна буданд, аммо ғизои худро дар ин се рӯз ба мискин ва ятим ва асир бахшиданд.
Ба ҳамин баҳона дар ин сура ба панҷ вижагии некӯкорон пардохта шудааст: 1. Ба назри хеш вафо мекунанд. 2. Аз рӯзе, ки азоб ва гирифтории он ҳамагир аст, метарсанд. 3. Бо инки ба ғизои худ ниёзманданд онро ба бенаво ва ятим ва асир мебахшанд. 4. Ин корро танҳо барои хушнудии Худо мекунанд ва таваққӯъи подош ва сипос аз касе надоранд. 5. Дар рӯзи қиёмат аз Парвардигори худ метарсанд.
Дар идома ин нукта ёдоварӣ мешавад, ки кофирон зиндагии зудгузари дунёро дӯст доранд ва дар ҳоле, ки рӯзи сахтеро пеши рӯ доранд, аммо аз он ғофил ҳастанд. Сипас ба онҳо ҳушдор медиҳад, ки ба неруи худ мағрур нашванд зеро Худованд аст, ки онҳоро офарида ва ба онон қудрат дода ва ҳар замон, ки бихоҳад ононро нобуд мекунад.
Сипас таъкид мекунад ин оёт навъе ёдоварӣ аст ва касеро маҷбӯр ба пазириш намекунад; Ҳар кас бихоҳад бо истифода аз он, роҳе ба сӯи Парвардигораш пайдо мекунад. Албатта бар ин нукта низ таъкид дорад, ки инсонҳо чизеро намехоҳанд магар ин, ки Худованд бихоҳад. Худованд ҳар касро, ки бихоҳад ва шоиста бубинад шомили раҳмати худ мекунад ва барои ситамгарон азоби пурдард омода кардааст.