Бар асоси ин гузориш, масъулони Дубай тарҳеро барои сохти як масҷиди шиновари зери об ба арзиши 55 миллион дирҳам эълом карданд.
Тибқи тасовири мунташир шуда, ними аз созаи ин масҷид шомили қисматҳои нишеман ва як кофишоп дар болои об хоҳад буд дар ҳоле, ки бахши дигари он аз ҷумла намозхонаи он дар зери об қарор хоҳад дошт.
Аввалин соза аз ин даст дар ҷаҳон бо меъмории хос дорои се табақа хоҳад буд ва як намозхона зери об ба унвони маҳалли намоз истифода мешавад. Ин масҷид зарфияти ҳудуди 50 то 75 намозгузорро хоҳад дошт, ки таҷрибаи беназире аз иқомаи намоз дар зери об хоҳанд дошт. Ин созаи ғӯтавар дорои вузӯхона ва дастшуӣ низ хоҳад буд.
Барномаҳои ин масҷид дар ҳоле эълом шуд, ки идораи умури исломӣ ва фаъолитҳои хайрияи Дубай (IACAD) дар мавриди ин барномаи гардишгарии мазҳабии худ ҷаласае баргузор кард.
Аҳмад Ал Мансурӣ, аз аъзои ин созмон гуфт, ки сохт ва сози ин масҷид дар Иморот ба зудӣ оғоз хоҳад шуд. Макони дақиқи масҷид ҳанӯз мушаххас нашудааст.
Ал Мансурӣ гуфт: ин масҷид бисёр наздик ба соҳил хоҳад буд. Намозгузорон метавонанд аз тариқи пули муттасил ба хушкӣ вориди ин масҷид шаванд.
Вай гуфт, ки масҷид ба рӯи афроди ҳар мазҳабе боз хоҳад буд, аммо боздидкунндагон мулзам ба пӯшидани либосҳои пӯшида хоҳанд буд.
Вай афзуд: боздидкунндагони масҷиди шиновар бояд либосҳои сода бипӯшанд ва ба суннат ва одоби исломӣ пойбанд бошанд.