Ҳафтоду нӯҳумин сураи Қуръони Карим “Нозиот” ном дорад. Ин сура бо 46 оят дар ҷузъи сиюми Қуръон қарор гирифтааст. Нозиот аз сураҳои макӣ аст, ки дар тартиби нузул ҳаштоду якумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.
Ин сураро ба далели инки бо савганди Худованд ба Нозиот оғоз мешавад, “Нозиот” номидаанд. Нозиот яъне фариштгоне, ки ҷонҳоро мегиранд.
Дар ибтидои ин сура Худованд панҷ савганд ёд мекунад; “Фариштгоне, ки ба сахтӣ ҷон ситонанд”, “Фариштгоне, ки ҷонро ба оромӣ гиранд”, “Фариштгоне, ки шинокунон шиноваранд”, “Сибқатгирандагон” ва “Тадбиркунандагон”.
Бинобар тафсири Намуна мӯҳтавои сура дар шаш бахш хулоса мешавад:
Таъкид бар таҳаққуқи рӯзи қиёмат, бо савгандҳои мутааддид, ишора ба тасовири тарснок ва ваҳшатноки қиёмат, ишораи кӯтоҳ ва гузаро ба достони ҳазрати Мӯсо (а) ва сарнавишти Фиръавн барои оромиши хотири Паёмбар ва мӯъминон ва албатта ҳушдор ба мушрикон ва таъкид бар ин матлаб, ки инкори рӯзи қиёмат, инсонро ба самти чӣ гуноҳоне мекашонад.
Тибқи ончи дар ин сура омада, тарҷеҳи дунё бар охират ва пайравӣ аз ҳавои нафс аз осори саркашӣ дар муқобили Худованд аст ва муқобила бо ҳавои нафс аз осори тарс аз мақом ва манзилти Худованд. Ҳамчунин гуфта шуда далели саркашӣ ва нофармонии инсон дар баробари Худо, худбузургбинии инсон аст ва ин худбузургбинӣ ба далели надоштани шинохт аз Худованд ва ҷойгоҳи Ӯст. Дар муқобил, маърифат ба Худованд, мӯҷиби тарс аз мухолифати бо Ӯ ва сабаби тасаллут бар ҳавои нафс аст.
Дар идомаи ин сура, намунаҳое аз нишонаҳои қудрати Худованд дар осмон ва замин, ки худ далеле аст барои имкони маод ва ҳаёти баъд аз марг баён шудааст. Ҳамчунин бахше аз ин сура низ ба ҳаводиси қиёмат ва сарнавишти гунаҳкорон ва подоши некӯкорон ишора кардааст. Дар поёни ин сура низ таъкид мешавад, ки ҳеҷ кас аз замони вуқӯъи қиёмат бохабар нест, вале ҳамин андоза мусаллам аст, ки наздик аст.
Аз муҳиммтарин нукоти ин сура метавон ба ояти сиюми сураи Нозиот ишора кард, ки ба густарондани замин пардохтааст. Манзур аз густарондани замин берун омадани хушкиҳои замин аз зери об аст. Бинобар бархе ривоятҳо ва манобеи куҳани исломӣ, замин дар ибтидо зери об буд; Сипас хушкиҳо аз об берун омаданд. Дар бархе аҳодис ва китобҳои таърихӣ низ омада нахустин ҷое, ки аз зери об берун омад, замини Макка ё Каъба буд.