
Ҳаштоду севумин сураи Қуръони Карим Мутаффифин ном дорад. Ин сура бо 36 оят дар ҷузъи сиюм қарор гирифтааст. Мутаффифин, ки сураи макӣ аст дар тартиби нузул ҳаштоду шашумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст. Мутаффифин охирин сурае аст, ки дар Макка ва пеш аз расидани Паёмбари Ислом (с) ба Мадина нозил шуд.
“Мутаффифин” яъне камфурӯшон ва ба далели инки ин калима дар аввалин ояти сура омадааст, ба ин ном шинохта мешавад. Ин сура бо сарзаниши камфурӯшон дар фурӯш ва вазн кардан, онҳоро таҳдид мекунад, ки назми иқтисодии ҷомеаро барҳам нзнанд чаро, ки дар рӯзи қиёмат ба далели ин кор, муҷозот хоҳанд шуд.
Оёти аввал то севуми ин сура, дастуроти динӣ дар мавриди камфурӯшӣ ва надодани ҳуқуқи мардум дар харид ва фурӯшро баён мекунад ва мегӯяд ин кор, ҳаром ва аз гуноҳони бузург аст.
Ин сура бо тавсифи рӯзи қиёмат ва вижагиҳои он рӯз ва ҷаҳони охират, ба муаррифии ду гурӯҳ яъне гурӯҳи хубон ва наздикон ба Худо ва гурӯҳи бадкорон ва муҷримон мепардозад ва ба лабхандҳои тамасхуромези кофирон ба мӯъминон дар ин ҷаҳон ишора мекунад ва мегӯяд дар рӯзи қиёмат, мӯъминон ҳастанд, ки ба кофирон мехнданд.
Дар оёти 7 то 21 номи сегурӯҳ бурда шудааст: аввалин гурӯҳ «Фуҷҷор» (бадкорон) ҳастанд, ки манзур ҳамон такзиб кунандагони рӯзи қиёмат ҳастанд ва решаи такзибашон низ таҷовузи қавонини бандагии Худованд ва зиёдаравӣ дар гуноҳон аст. Дувумин гурӯҳ «Аброр» (некӯкорон), нуқтаи муқобили фуҷор ҳастанд ва аз мақоми бартар ва ҷойгоҳи наздик ба Худованд ва неъматҳои биҳиштӣ бархурдор мешаванд. Гурӯҳи севум “Муқаррабон” (наздикон) ҳастанд, ки мақомашон аз ҳамаи инсонҳо болотар аст ва тибқи гуфтаи Қуръони Карим инҳо аҳли яқин ҳастанд.
Дар ин дунё ба далели инки кофирон ба рӯзи қиёмат ва ҷаҳони охират эътиқоде надоранд, мӯъминонро масхара мекунанд. Дар ин сура дар мавриди далели бе эътиқодии кофирон нисбат ба рӯзи қиёмат ингуна омада وَمَا يُكَذِّبُ بِهِ إِلَّا كُلُّ مُعْتَدٍ أَثِيمٍ; “Ва ҷуз ҳар таҷовузпешаи гуноҳкоре онро ба дурӯғ намегирад”. Аллома Таботабоӣ дар Ал-Мизон дар тафсири ин оят менависад: маълум мешавад танҳо монее, ки инсонро аз гуноҳ боз медорад, имон ба рӯзи қиёмат аст ва касе, ки дар шаҳват фурӯ рафта ва дилаш ба гуноҳ тамоюл дорад, ба ин нуқта кашида мешавад, ки рӯзи қиёматро инкор кунад.