IQNA

Амалиёти муқовимати Фаластин алайҳи режими саҳюнистӣ идома дорад

12:51 - October 08, 2023
рақами хабар: 536
Дар дуюмин рӯз аз амалиёти ҷабҳаи муқовимати Фаластин (Ҳамос) алайҳи зулму ҷиноят ва ишғолгариҳои режими саҳюнистии Исроил, талафоти саҳюнистҳо ба 350 нафар расидааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, режими саҳюнистӣ дар дуюмин рӯз аз амалиёти муқовимати Фаластин ба номи Тӯфони Ақсо алайҳи Исроил аз кушта шудани 350 неруи саҳюнистӣ ва бедарак шудани 750 нафари дигар хабар дод.

Мақомоти тандурустии Фаластин ҳам эълон карданд, ки дар пайи таҷовузи режими саҳюнистӣ ба хонаҳои истиқоматӣ ва ниҳодҳои давлатӣ дар Навори Ғазза теъдоди шуҳадо то ҳол ба 256 нафар расидааст, ки 20 нафари он кудак аст.

Дар пайи ҳамалоти Исроил 1788 фаластинӣ захмӣ шудаанд, ки 121 нафари он кудак мебошанд.

Расонаҳо гузориш додаанд, ки ҳудуди 750 исроилӣ бедарак шуда ва ҳудуди 100 нафар аз  неруҳои саҳюнистӣ тавассути неруҳои муқовимати Фаластин асир гирифта шудаанд.

tajikpress

captcha