IQNA

Беш аз ҳазор шаҳиду захмӣ дар ҳамлаи саҳюнистҳо ба беморхонаи Ғазза + тасовир

13:56 - October 18, 2023
рақами хабар: 588
Фаластин (ИКНА) Артиши режими саҳюнистӣ ҷинояти ҷадидеро ба ҷиноятҳои чанд рӯзи ахири худ афзуд ва беш аз ҳазор фаластиниро, ки ба як беморхона паноҳ оварда буданд ба хоку хун кашид.

Дар охирин омори аввалия аз ин ҷиноят, беш аз 500 фаластинӣ бар асари ин таҳоҷуми ваҳшиёна ба шаҳодат расиданд дар ҳоле, ки қариб ба ҳамин теъдод маҷрӯҳ ва бедарак шудаанд.

Ғазза

Ахбори ғайри расмӣ аз шаҳид ва захмӣ шудани 833 фаластинӣ дар ҳамла ба бемористони Ал-Маъмадонии Ғазза ҳикоят дорад.

Бархе ахбори ғайри расмии дигар аз Навори Ғазза мегӯяд, ки теъдоди шуҳадои бомбаборони бемористони Ал-Маъмадонӣ дар Навори Ғазза бештар аз 500 нафар буда ва ба ҳудуди 1000 нафар мерасад.

Шоҳидон дар фазои маҷозӣ таъкид мекунанд, ки шумори шаҳидон лаҳза ба лаҳза афзоиш пайдо мекунад.

Ғазза

Бемористони Ал-Маъмадонӣ танҳо бемористони масеҳӣ дар Ғазза аст. Режими саҳюнистӣ дар 11-умин рӯз аз ҷиноёти худ алайҳи Навори Ғазза ва дар арафаи сафари Ҷо Байден, президенти Амрико ба Фаластини ишғолӣ бар шиддат ва доманаи ҷиноятҳои худ афзудааст.

Ғазза

Шодии режими саҳюнистӣ пас аз ҳамла ба беморхонаи Ал-Муаммадонӣ

Саҳифаҳои наздик ба режими саҳюнистӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паз аз ин ҳамла ва куштори мардуми Фаластин дар Ғазза изҳори ризоят ва хушҳолӣ карданд.

Ҳанания Нафтали, фарди расонаии наздик ба Нетаняҳу бо нашри матлабе дар шабакаҳои иҷтимоии Х навишт, ки артиши режими саҳюнистӣ ба беморхонае дар Ғазза ҳамла кардааст, аммо пас аз чанд дақиқа паёми худро ҳазф кард.

Ғазза

Бо ошкор шудани паёмадҳои ин ҷинояти бесобиқаи саҳюнистҳо кишварҳо ва миллатҳои мухталифи ҷаҳон ин иқдомро маҳкум карданд.

Туҳмати режими саҳюнистӣ ба ҷабҳаи муқовимати Фаластин

Режими саҳюнистӣ дар иддаое масъулияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифта иддао кард, ки гуруҳои муқовимати Фаластин масъули ҳамла ба беморхона мебошанд.

Ғазза

Видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст ва дар он ба гуруҳҳои муқовимат туҳмат зада мешавад, марбут ба соли 2022 мебошад.

Ин дар ҳолест, ки коршиносони низомӣ эълом карданд режими саҳюнистӣ барои куштори бештар дар бомбаборони бемористони Ал-Маъмадонӣ аз навъе хоси мушак бо қудрати раҳосозии ҳазорон таркиш ва қобилияти оташзоии бештар истифода карда ва неруҳои фаластинӣ асосан мушаке дар ихтиёр надоранд, ки ин ҳаҷм аз харобиро эҷод ва чунин талафотеро бар ҷой бигузорад.

Рӯзномаи амрикоии “Wall Street Journal” низ эълом кард, ки бомбе, ки ба бемористони Ал-Муаммадонӣ дар Ғазза ҳамла кард, бомбаи амрикоии МК-84 будааст.

Ғазза

Дар тасовири аввалияи нашр шуда, ҳаҷми харобӣ ва навъи захмҳои баҷомонда дар пайкари шаҳидон нишон медиҳад, режими саҳюнистӣ аз мушакҳои махсус барои болобурдани куштаҳо ва харобӣ истифода бурдааст.

Аз ибтидои ҳамла ба Ғазза, режими саҳюнистӣ дар сукути ҷомеаи байналмилалӣ борҳо аз силоҳҳое, ки истифода аз онҳо манъ аст аз ҷумла фосфори сафед алайҳи ғайринизомиён истифода кардааст.

Тибқи гузоришҳо, Амрико тайи рӯзҳои ахир ва ҳамзамон бо ҳимоятҳои густардаи низомӣ ва сиёсӣ, таслеҳоти ҷадиде барои режими саҳюнистӣ ирсол кардааст.

Ҳамчунин ин ҳамла дуруст пас аз нишасти фармондеҳи созмони террористии “Centcom” бо вазири ҷанги режими саҳюнистӣ ба вуқуъ пайваст ва нақши Вашингтон дар ин ҷиноят ошкоро дида мешавад.

Ғазза

captcha