
Ба гузориши хабаргузории “ИКНА” ба анқл аз хабаргузории “Меҳр”, Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломии Эрон, дар дидори баргузор кунандагони кунгираи миллии бузургдошти ду ҳазору чиҳилу чаҳор шаҳиди Сабзавор ва ҳамчунин баргузор кунандагони кунгираи милли ду ҳазору чаҳорсаду наваду ҳашт шаҳиди Найшопур ва ҷамъе аз хонаводаҳои шуҳадои ин ду шаҳр, ки дар рузи сешанбе 30 май баргузор шуда буд, субҳи имрӯз дар маҳалли баргузории ҳамоиш дар Сабзавор мунташир шуд.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор, зинда нигаҳ доштани ёд шуҳадоро ҷиҳоди бузург ва ҳамрадифи ҷиҳоди зинда нигаҳ доштани хунҳои муқаддаси рехта шуда дар Карбало донистанд ва гуфтанд: бояд бо ҳиммат ва талош ва бакоргирии ҳунар ва истифода аз шеваҳои халлоқона ва ҷаззоб, ёд ва хотира ва равиш ва муҷоҳидати шуҳадо ба насли ҷавон ва наслҳои баъдӣ мунтақил шавад.
Ӯ ҳамчунин шиносондани таърих ва донишмандон ва шукӯҳ ва азамати маънавӣ ва илмии шаҳрҳо аз ҷумла Найшопур ва Сабзавор ба ҷавононро як вазифа хонданд.
Раҳбари Инқилоби Исломии Эрон, бо таҷлил аз баргузор кунандагони кунгираи миллии шуҳадо дар Сабзвор ва Найшопур, хотирнишон карданд: манфиат ва маслиҳати қудратҳои истикборӣ ва аҳли ботил дар тӯли таърих, боқӣ намондани ёд ва номи муҷоҳидатҳо ва рашодатҳои шуҳадо будааст, ки ин мавзӯъ ҳамчунон идома дорад, бинобар ин зинда нигаҳ доштани ёди шаҳид ва хонаводаҳо ва дӯстони шуҳадо ба унвони шаҳидпарвар ва касоне, ки дар ин арса бо тамоми тавони худ дар саҳна буданд ва пуштибонӣ карданд, ҷиҳод аст ва бояд қадри ин кор дониста шавад.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба собиқа ва ҳувияти таърихӣ, динӣ ва илмии шаҳрҳои Сабзавор ва Найшопур, ин ду шаҳрро ганҷинаи таърих ва тамаддуни Исломи - эронӣ баршумурданд ва гуфтанд: дар фосилаи замонӣ миёни "Фазлибин Шозани Найшобурӣ" то "Ҳоҷи Мулоҳодии Сабзаворӣ", ки ҳудуди ҳазорсол аст, ситораҳои дурахшони илмӣ, маънавӣ ва маърифатии фаровоне ба чашм мехӯранд, ки ҳамаи ин бузургон, шиноснома ва ҳувияти таърихии ин шаҳрҳо ҳастанд ва бояд ба насли ҷавон муаррифӣ шаванд.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, дар хсуси ҷойгоҳи волоии шуҳадои Сабзавор ва Найшопур низ афзуданд: дар ин ду шаҳр аз як ҷавони ориф ва муҷоҳиди ҳудудан бист сола ҳамчун шаҳид Носири Боғонӣ аз Сабзавор то як инсони муҷоҳиди миён сол ва ҷоуфтода ҳамчун шаҳид Нуралии Шӯштрӣ аз Найшопур метавон дид, ки васиятномаҳои онҳо пур аз ҳикмат ва маърифат аст.
Раҳбари Инқилоби Исломии Эрон, бо таъкид бар инки тавсифи шуҳадо ғайри мумкин аст, шуҳадоро улгу ва васиятномаи ононро дарс донистанд ва афзуданд: ҳар як аз шуҳадо ҳамчун Шӯштрӣ, Боғонӣ, Бурунсӣ ва шаҳиди ахири Сабзавор, шаҳид “Аддоғӣ”, ба наҳве метавонанд улгу бошанд, ҳамонгуна, ки дидем шаҳодати “Ҳамидризо Аддоғӣ” афкори умумии кишварро чигуна башиддат таҳти таъсир қарор дод.
Ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ дар поён бо ишора ба ҷараёни хотира нависӣ аз зиндагии шаҳидон, бар лузуми тақвияти он ва ҳунармандӣ дар нигориши хотирот таъкид карданд.