Ба гузориши пойгоҳи хабарии Фаластин Ал-Явм, Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазири режими ғосиби саҳюнистӣ бомдоди дирӯз ҷумъа, гуфт дар сурати таҳвил гирифтани усаро аз Ҳамос оташбаси муваққат дар Ғазза барқарор хоҳад шуд.
Нетаняҳу гуфт: агар мо гаравгонҳоро таҳвил бигирем оташбаси муваққат барқарор хоҳад шуд ва мо алон ба ин вазъият наздиктарем то замони оғоз амалиёти заминӣ.
Нетаняҳу бо террорист хондани неруҳои муқовамат ва аз ёд бурдани терроризми давлатии Исроил муддаӣ шуд: ба думболи он ҳастем, ки масъулияти низомӣ дар Ғаззаро бар уҳда бигирем то монеъ аз зуҳури терроризм шавем ва мо ба думболи ишғоли Ғазза нестем.
Нахуствазири режими кӯдаккуши саҳюнистӣ бори дигар иддао кард: далоили қавӣ дар ихтиёр дорем, ки бархе аз гаравгонҳо дар бемористони Шифо нигаҳдорӣ мешуданд.
Мақомҳои режими саҳюнистӣ иддао мекунанд Ҳамос силоҳҳоро дар тоннелҳои зери бемористонҳо махфӣ мекунад ва як маркази фармондеҳӣ дар зери бемористони Шифо бузургтарин бемористони Ғазза эҷод карда ва бар ин асос, ин сохтумонҳоро ба як ҳадафи низомии қонунӣ барои режими саҳюнистӣ табдил кардааст; Он ҳам дар ҳоле, ки Ҳамос ва коркунони бемористон ин мавзӯъро такзиб кардаанд.