Ба гузориши хабаргузории “Анатолия”, “Ричард Пепперкорн” намояндаи Созмон Ҷаҳони Тандурустӣ дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин рӯзи сешанбе дар нишасти хабарии Созмони Милал дар Женева изҳор дошт: ҳар 10 дақиқа як кӯдак дар Ғазза кушта мешавад. Мо ба барқарории як оташбаси доимӣ (дар Навори Ғазза) ниёз дорем.
Намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин бо ишора ба кушта шудани тақрибан 16 ҳазор нафар дар Ғазза тасреҳ кард: беш аз 60 дарсади афроди кушта шударо занон ва кӯдакон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин беш аз 42 ҳазор нафар низ захмӣ шудаанд.
Вай дар идома афзуд: ба таври мутавассит дар ҳар 10 дақиқа як кӯдак дар Ғазза кушта мешавад ва ман фикр мекунам, ки мо аз ин назар ба ториктарин лаҳзаи башарият наздик шудаем.
Ин дар ҳолест, ки “Тедрос Адханом Гебрейюс” мудири кулли Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ пештар тайи паёме дар шабакаи иҷтимоӣ “Х” дар бораи ҳамалоти шадиди режими ҷинояткори саҳюнистӣ ба Ғазза эълом карда буд: наметавонам калимоте пайдо кунам то нигаронии мо дар бораи вазъияте, ки шоҳиди он ҳастемро иброз кунам. Оташбаси фаврӣ. Тими мо рӯзи гузашта аз бемористони Носир дар ҷануби Ғазза боздид кард. Дар ин бемористон 1000 бемор таҳти дармон қарор доранд, ки ин теъдод 3 баробари зарфияти бемористон аст.
Вай дар ин хусус афзуд: афроди зиёде ҳар гӯшаи бемористон ҳастанд ва ба думболи сарпаноҳ мегарданд. Беморон кафи замин бо дард ва нола ва фарёд дармон мешаванд. Ин шароит аз назари ироаи хадамоти беҳдоштӣ ва тандурустӣ ба таври ғайриқобили тасаввуре нокофӣ аст.
https://tajikpress.com/2023/12/06/