
Такрим ва эҳтироми волидайн яке аз муҳиммтарин омӯзаҳои ахлоқии дини Ислом аст. Хилқати модии инсон аз тариқи эшон сурат мегирад ва волидайн воситаи ҳаёти инсон ҳастанд. Пас аз таваллуди инсон низ, волидайн бо таҳаммули ранҷ ва машаққати фаровон, фарзандашонро дар оғӯши меҳр ва муҳаббати хеш мегиранд. Кӯдакашонро тарбият мекунанд ва ҳар чӣ дар тавон дошта бошанд аз имконоти рифоҳӣ барои ӯ муҳаё мекунанд.
Агар шахсе кӯчактарин некӣ ва эҳсоне дар ҳаққи инсон ба ҷой оварад, ақл ташаккур ва қадрдонӣ аз ӯро лозим медонад, ҳол бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки падар ва модар намоди некӣ ба фарзанд ҳастанд ва аз ҷони худ барои парвариши ӯ моя мегузоранд, сазовортарини инсонҳо барои эҳтиром ва қадрдонианд.
Қуръони Карим дар чанд оят, сипосгузорӣ аз волидайнро дар радифи шукргузорӣ аз Худованд ва эҳсон ба онҳоро дар канори амри ба тавҳид ва яктопарастие, ки асоси дин аст матраҳ намуда, ки нишон диҳандаи аҳамияти фаровони ин амал аст:
لَا تَعْبُدُونَ إِلَّا اللَّهَ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا (Бақара, 83); ... أَنِ اشْكُرْ لي وَ لِوالِدَيْكَ إِلَيَّ الْمَصيرُ (Луқмон,14)
Оё замоне, ки ба бузургсолӣ расидем ва зоҳиран, дигар ниёзе ба кумак ва ҳимояти волидайн надоштем боз ҳам ташаккур ва қадрдонӣ аз эшон лозим аст? Оё замонеки волидайн пир шуданд ва дигар тавони ёрӣ расондан ба инсонро надоранд, боз ҳам шоистаи такриманд?
Қуръони Карим дар ояте ба ин маврид ишора карда ва мегӯяд: «وَقَضَى رَبُّكَ أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا إِيَّاهُ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا إِمَّا يَبْلُغَنَّ عِنْدَكَ الْكِبَرَ أَحَدُهُمَا أَوْ كِلَاهُمَا فَلَا تَقُلْ لَهُمَا أُفٍّ وَلَا تَنْهَرْهُمَا وَقُلْ لَهُمَا قَوْلًا كَرِيمًا “Ва Парвардигорат фармон дода: ҷуз ӯро напарастед! Ва ба падару модар некӣ кунед! Ҳаргоҳ яке аз он ду, ё ҳардуи онҳо, назди ту ба синни пирӣ расанд, камтарин иҳонате ба онҳо раво мадор! Ва бар онҳо фарёд мазан! Ва гуфтори латиф ва санҷида ва бузургаворона ба онҳо бигӯ! (Исро, 23).
Эҳсон, ҷомеътарин ва васеътарин вожа дар боби некӣ аст. Эҳсон ба волидайн баста ба ҳол ва шароити онон шомили кумаки моддӣ ё рӯҳӣ ва равонӣ мешавад. Аз Паёмбари Акрам “Салаллоҳу алайҳи ва Олиҳ” савол шуд, ки оё пас аз марги волидайн ҳам метавон ба онон эҳсон кард? Фармуд: Орӣ, аз роҳи намозхондан ва истиғфор барояшон ва вафо ба тааҳҳудот ва пардохти бидиҳиҳои онҳо ва эҳтиром ба дӯстонашон. (Тафсири Маҷмаул Баён).
Мӯҳсини Қироатӣ дар тафсири Нур нукотеро дар бораи ин оят мегӯяд:
1 - Тавҳид, дар раъси ҳамаи сифоришҳои илоҳӣ аст. «قَضى رَبُّكَ أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا إِيَّاهُ»
2 - Хидматгузорӣ ва эҳсон ба падару модар, аз авсофи муваҳҳиди воқеӣ аст. «أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا إِيَّاهُ وَ بِالْوالِدَيْنِ إِحْساناً»
3 - Дар эҳсон ба волидайн, мусулмон будани онҳо шарт нест. «بِالْوالِدَيْنِ إِحْساناً»
Калидвожаҳо: Ончи Қуръон мегӯяд, падар, модар, ахлоқ, некӣ