IQNA

Қуръон чист? / 11

Муборак будани Қуръон ба чӣ маъност?

22:09 - December 12, 2023
рақами хабар: 815
ИКНА - Яке аз авсофе, ки дар бораи Қуръон ба кор бурда шуда муборак будани Қуръон аст. Аммо ин сифат ба чӣ маъност ва чаро барои Қуръон ба кор рафтааст?

Худованд дар ояти 50 сураи Анбиё Қуръонро китоби Карим ва бо баракат номида: وَ هذا ذِكْرٌ مُبارَكٌ أَنْزَلْناهُ أَ فَأَنْتُمْ لَهُ مُنْكِرُون‏; “Ва ин (Қуръон) зикри мубораке аст, ки (бар шумо) нозил кардем оё онро инкор ме‏кунед?!” (Анбиё, 50)

Муборак будани чизе ба ин маъност, ки дар он хайр ва фоидаи бисёр ва суди зиёде ниҳода шуда бошад ва Худованд дар Қуръон чизҳои мисли Қуръон, борон ва... . ро муборак номидааст. Ин фоида ва суд, ки баракат номида мешавад, метавонад дар умури моддӣ ва маънавӣ ҷустуҷӯ шавад.

Барои инки бидонем то чӣ ҳад ин Қуръон мӯҷиби огоҳӣ ва мояи баракат аст, кофӣ аст ҳоли сокинони ҷазираи Арабро қабл аз нузули Қуръон, ки дар ваҳшигирӣ ва ҷаҳл ва фақр ва бадбахтӣ ва парокандагӣ зиндагӣ ме‏крданд, бо вазъашон баъд аз нузули Қуръон дар назар бигирем, ки улгуе барои дигарон шуданд. Ҳамчунин вазъи ақвоми дигарро қабл ва баъд аз вуруди Қуръон дар миёни онҳо метавонем баррасӣ кунем.

Ҳазрати Алӣ (Алайҳиссалом) бо чанд ташбеҳ, гӯё вазъи мардумро дар асри ҷоҳилият комилан тарсим фармуда; Гоҳ онҳоро ба касе ташбеҳ мекунад, ки дар гирдоби ваҳшатноке афтода ва пайваста фарёд кашида ва кумак металабд, ва гоҳ ба ҳайвоноте ташбеҳ карда, ки зимоми онҳо ба дасти афроди фосид ва муфсиде аст, ки ононро ба сӯи партгоҳ мекашанд, ва гоҳ дилҳои онҳоро шабеҳи махзане медонад, ки қуфли маҳкаме бар дари он хӯрда ва ҳеҷ илм ва дониш ва огоҳӣ ва фазилате вориди он намешавад.

Аз ҷумла корҳое, ки Аъроб (ҷамъи Араб) дар асри ҷоҳилӣ анҷом медоданд:

  1. Онон бар сари кӯчактарин масоиле ҷангҳои бузурге ба роҳ меандохтанд, ки шояд солҳо ба тӯл меанҷомид. Ин ҷангҳоро «ایام‌العرب» номидаанд, ки бархе аз онон то чиҳил сол низ идома меёфт. Аъроб дар даврони ҷоҳилият ба сарзаминҳои мухталифе ҳамла ва онҳоро ғорат мекарданд. Дар даст дарозӣ ба амволи мардум ва ғорат ҳаду марзе намешинохта ва ҷуз забони шамшер забони дигаре намедонистанд.
  2. Ҷаҳл ва хурофа саросари зиндагии ононро фаро гирифта буд, ки иллати онро метавон дар дӯрӣ аз фарҳанг ва тамаддунҳои пешрафта баррасӣ кард. Ба унвони мисол: агар гови моддае об намехӯрд, иллатро вуҷуди деве миёни шохҳои гови нар медонистанд ва онро мезаданд. Онон ба ҳангоми вуруд дар маҳалли ҷадид барои дӯрӣ аз шарри ҷин ва тоун даҳ мартаба садои хар дар меоварданд ва ҳангоми гумшудан дар саҳро либосҳояшонро воруна ба тан мекарданд то пайдо шаванд!
  3. Аъроби ҷоҳилӣ ҳамчунин ҳеҷ арзише барои зан қоил набуданд. Вуҷуди зан ва духтарро мояи нанг ва сарафкандагӣ медонистанд. Онон занонро шоистаи ирс намедонистанд ва дар байни онон ҳатто гузоришоте аз зинда ба гӯр кардани духтарон низ вуҷуд дорад.
  4. Яке аз мисдоқҳои баракати Қуръон, тағйири чунин инсонҳое аст, ба тавре, ки инсон вақте асри ҷоҳилиятро нигоҳ мекунад, шоҳиди ин аст, ки низоми ахлоқӣ бар онҳо ҳоким нест.
  5. Паёмбари Акрам, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) бо омӯзаҳои Қуръон тавонист ҷомеаро бо тағйири шигифтангезӣ, дар масири ислоҳ қарор диҳад ва арзишҳо ва андешаи ҷомеаро беҳбуд бибахшад. Баъзе аз тавсияҳои ахлоқии Қуръон дар баробари асри ҷоҳилӣ:
  6. Наҳйи аз зулм: وَ سَيَعْلَمُ الَّذِينَ ظَلَمُواْ أَىَّ مُنقَلَبٍ يَنقَلِبُون; “Ҳатман касоне, ки зулм кардаанд ба зудӣ хоҳанд донист нобуд ва сарнагун ме‏шванд”. (Шуаро, 227)
  7. Таъкид бар сидқ ва ростгӯӣ: اتَّقُواْ اللَّهَ وَ كُونُواْ مَعَ الصَّادِقِين; “Аз Худо парво кунед ва бо содиқон бошед”. (Тавба, 119)
  8. Тавсия ба адолат: وَ إِذَا حَكَمْتُم بَينْ‏ النَّاسِ أَن تحَكُمُواْ بِالْعَدْلِ; “Ҳангоме, ки миёни мардум доварӣ ме‏кунед, ба адолат доварӣ кунед”. (Нисо, 58)

Инсон то аз вазъияти мардуми қабл аз нузули Қуръон огоҳ нашавад ба бузургии кори Паёмбари Ислом (с) ва баракати Қуръони Карим пай нахоҳад бурд.

captcha