Нуздаҳумин маҷмаъи байналмилалии мусулмонон дар Маскав рӯзи гузашта, баргузор шуд.
Дар ин маҷмаъ, ки дар масҷиди марказии Маскав баргузор шуд, ҳуҷҷатулислом Ҳамиди Шаҳриёрӣ, дабири кулли маҷмаъи ҷаҳонии Тақриби мазоҳиби исломӣ; Умар Форуқ Саворан, мушовири умури мазҳабии сафорати Туркия дар Маскав; Маҳмуд Эрол Қилич, мудири кулли маркази таҳқиқоти таърих, ҳунар ва фарҳанги исломии (IRCICA); Муртазо Бадр, раиси маркази таҳқиқоти исломии созмони Диёнати Туркия (ISAM) ва ҷамъе аз донишмандон ва шахсиятҳои мазҳабии ҷаҳони Ислом ҳузур доштанд.
Лузуми барқарории сулҳ ва адолат дар Фаластин
Равил Айниддин, раиси идораи умури динии мусулмонони Федератсияи Русия ва муфтии Аъзами ин кишвар дар суханоне дар ин ҳамоиш гуфт: бо эҷоди кишвари Фаластин, хушунат поён хоҳад ёфт ва сулҳ ва саботи тӯлонимуддат дар Ховари Миёна ҳосил хоҳад шуд. Ӯ афзуд: бидуни сулҳи одилона ва ҳамаҷониба дар сарзамини Муқаддаси Фаластин, ҳеҷ кас дар минтақа наметавонд аз амният бархурдор шавад.
Нақши муҳимми адён дар барқарории сулҳи ҷаҳонӣ
Ҳамчунин Маҳмуд Эрол Қилич, мудири кулли IRCICA ба афзоиши ифротгароӣ ва беадолатӣ дар нуқоти мухталифи ҷаҳон ишора кард. Вай гуфт: асарбахшии қавонини байналмилалӣ ҳанӯз ба иродаи тасмимгирандагони ғарбӣ бастагӣ дорад.
Муртазо Бадр, раиси ISAM, дар суханони худ гуфт: гоҳе аз дин сӯистифода мешавад. Дар ин сурат, бархе аз мардум ба ин бовар мерасанд, ки дигар адён аз ҳуқуқи баробар бо онҳо бархурдор нестанд.
Вай бо ин истидлол, ки адён метавонанд мардумро муттаҳид кунанд, гуфт: мусулмонон ва ғайримусалмонон то қарни бистум дар сулҳ бо ҳам зиндагӣ мекарданд.
Имрӯза дар бархе манотиқи мусулмонон наметавонанд озодона зиндагӣ кунанд. Вақойеи Фаластин намунае аз ин амр аст.
Фаластин; Аввалавияти нахусти ҷаҳони Ислом
Ҳамчунин ҳуҷҷатулислом Шаҳриёрӣ, дабири кулли маҷмаъи ҷаҳонии Тақриби мазоҳиби исломӣ дар суханони худ бо ишора ба инки тибқи усули қуръонӣ, адолат болотарин ва муҳиммтарин арзиши иҷтимоӣ аст, ки Худованди Мутаол бар он таъкид кардааст, гуфт: гирифтани ҳаққи дигарон барои зиндагӣ, ҳаққи иқомат дар ватани худ ва ҳаққи озодӣ бузургтарин беадолатӣ аст.
Ҳуҷҷатулислом Шаҳриёрӣ бо ишора ба бахше аз ҷиноёти ваҳшиёнаи саҳюнистҳо дар 75 сол ишғолгарӣ гуфт: ончи имрӯз дар ҷанги Ғазза шоҳид ҳастем, намунаи ҷиноёти мутааддид ва наслкушии Фаластиниён ба дасти ғосибони ин сарзамин аст.
Вай гуфт: акнун замони он фаро расида, ки аз милали сулҳталаб ва озодагони ҷаҳон барои ҳимоят аз Қудс ва Фаластиниён мадад бихоҳем ва таъкид кунем, ки ин мавзӯъ аввалавияти аслии ҷаҳони Ислом аст.
Уламои мазҳабӣ ва намояндагони сиёсии дигар кишварҳои ширкаткунанда аз ҷумла Алҷазоир, Фаластин, Қатар, Урдун, Миср, Туркия, Лубнон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Қирғизистон зимни ҳимоят аз муқовимати мардуми Ғазза, бар гомҳои маҳками ҷаҳони Ислом барои мутаваққиф кардани ҷиноёти режими саҳюнистӣ таъкид карданд.
Нуздаҳумин нишасти маҷмаъи байналмилалии мусулмонон бо шиори «нақши раҳбарони динӣ дар посдорӣ аз арзишҳои маънавӣ ва ахлоқӣ ва тақвияти сулҳ ва амният» рӯзи сешанбе, ба муносибати дивистумин солгарди вилодати шарқшиноси шаҳири рус, «Ҳусайн Файзхонов» дар Маскав барпо шуд.