IQNA

Қуръон чист? / 19

Қуръон, беҳтарин сухан аст

19:42 - December 25, 2023
рақами хабар: 861
ИКНА - Дар асри мо ҳаррӯза миллиардҳо ҷумла дар қолаби сухани суханронон мунташир мешавад. Аммо матни Қуръон дорои вижагиҳое аст, ки «беҳтарин сухан»-ро дар тавсифи худ баён кардааст. Ин тавсиф дар канори ҷовдонагии мафоҳими Қуръон, аз ҷанбаҳои гуногуне қобили таваҷҷуҳ аст.

“Ҳадис” ба маънои сухан ва гуфтор аст ва мурод аз ҳадис дар ояти « اللَّهُ نَزَّلَ أَحْسَنَ‏ الْحَديثِ; Худост, ки беҳтарин ҳадисро нозил фармуд» (Зумар, 23) Қуръон аст ва «أَحْسَنَ‏ الْحَديثِ» будани Қуръон ба хотири ҷомеъият, ҳаққоният, устуворӣ, фасоҳат ва балоғати Қуръон аст.

  1. Ҷомеъияти Қуръон: яъне Қуръон дарбаргирандаи ҳамаи он чизе аст, ки барои ҳидоят ва рушди инсонҳо муассир аст ва аз ин нигоҳ ҳам метавон ба ин қазия нигоҳ кард, ки чун Қуръон Охарин китобе аст, ки нозил шуда дарбаргирандаи тамоми мӯҳтавои ҳидояти кутуби асмонии нозилшудаи қабл аз худ аст.
  2. Ҳаққонияти Қуръон: тибқи ояти وَ قُلْ جاءَ الْحَقُّ وَ زَهَقَ‏ الْباطِلُ إِنَّ الْباطِلَ كانَ زَهُوقا; “Ва бигӯ: ҳақ омад ва ботил нобуд шуд. Оре, ботил ҳамвора нобудшуднӣ аст” (Асроъ, 81) Ҳамеша дар поёни корҳо ботил аз ҳақ шикаст мехӯрад ва аз байн меравмд, ҳаққонияти Қуръон ҳам аз ин ҷиҳат аст. Яъне ба далели инки Қуръон ҳақ аст ва ҳақ ҳамеша пирӯз аст. Дар натиҷа Қуръон дар ҳар муқобилае, ки дар баробари ботил дорад пирӯз мешавад ва нури Қуръон хомӯш шуданӣ нест يُرِيدُونَ لِيُطْفئُواْ نُورَ اللَّهِ بِأَفْوَاهِهِمْ وَ اللَّهُ مُتِمُّ نُورِهِ وَ لَوْ كَرِهَ الْكَافِرُون; “Ми‏хоҳанд нури Худоро бо даҳони худ хомӯш кунанд ва ҳол онки Худо- гар чӣ кофиронро нохуш афтад- нури худро комил хоҳад гардонид”. (Саф, 8).
  3. Устувории Қуръон: устувории Қуръон аз он ҷиҳат аст, ки охирин китоби осмонӣ аст ва ҳеҷ гуна тағйире дар он рух надода ва ҳеҷ китоби дигаре ҳам қарор нест баъд аз он нозил шавад, ки Қуръон канор равад. Аз ин матлаб мутаваҷҷеҳ мешавем, ки Қуръон то абад устувор ва пойдор хоҳад буд.
  4. Фасоҳат ва балоғат: яъне шевоӣ ва зебо будани каломи Худованд дар Қуръон, вақте, ки шумо роҷеъ ба як масъалае, ки хеле сатҳи илм ва дониши болое мехуоҳад сӯҳбат мекунад табиатан сӯҳбат кардани шумо ҳам бояд сатҳи болое аз каломро доро бошад ва шумо наметавонед бо адабиёте, ки мардум дар кӯча ва бозор истифода мекунанд истифода кунед, ба ҳамин далел аст, ки ба Қуръон мигӯем фасеҳ ва балиғ, фасеҳ ва балиғ ба таври хеле сода яъне Қуръон дар айни инки дар сатҳи болое аз илм ва маърифат қарор дорад бо ин ҳол ба гунае сӯҳбат мекунад, ки ҳамаи мардум дар нигоҳи аввал мутаваҷҷеҳ мешванд.

Худи калима‏и «муташобеҳ» дар ин оят ба маънои шабоҳати оёт ба якдигар аст, ки бинобар ин сифати тамоми оёт аст.

Манзур аз "муташобеҳ" дар инҷо каломе аст, ки қисматҳои мухталифи он бо якдигар ҳамранг ва ҳамоҳанг ме‏бошад, ҳеҷгуна тазод ва ихтилофе дар миёни он нест, хуб ва бад надорад, балки яке аз яке беҳтар аст.

Ин дуруст бар хилофи калимоти инсонҳо аст, ки ҳар қадр дар он диққат шавад ҳангоме, ки густурда ва васеъ гардад хоста ё но хоста ихтилофот ва таноқузҳо ва тазоддҳое дар он пайдо мешавад, баъзе дар авҷи зебоӣ аст, ва баъзе комилан одӣ ва маъмулӣ, вақте, ки шумо осоре, ки бузургон ба забони содда ё ҳатто ба забони шеър навиштанд баррасӣ кунед мутаваҷҷеҳ хоҳед шуд, ки эҳтимолан ҳарфе дар аввали китоб мезанад, ки дар охир хилофи онро мегӯяд ё баракс.

Аммо каломи Худо ва Қуръони Маҷид инчунин нест, ва ҳамбстагии фавқалъодаи мафоҳим ва маънои би‏нзире, ки дар ҳамаи оёташ ҳоким аст гувоҳӣ ми‏диҳад, ки аз каломи инсонҳо нест.

«مَثانِيَ» (Масония), ки дар ин оят гуфта шуда ба маънои гароиш аст, яъне оёти Қуръон ба якдигар гароиш доранд ва баъзе оёт, баъзе дигарро тафсир ме‏кунанд ва ба таъбири дигар як мафҳумро дар қолаби алфоз ва калимоти мутафовит такрор мекунанд, ин калима мумкин аст ишора ба такрори мабоҳиси мухталифи достонҳо, саргузаштҳо, мавъиза ва андарзҳо буда бошад, аммо такроре, ки ҳаргиз малолат‏овар нест, балки шавқ‏ангез аст ва нишотофарин‏.

 

captcha