Ба гузориши манобеи хабарӣ, рақобати барномаҳои қуръонӣ барои таъйини беҳтарин барномаҳои қуръонӣ бо ҳамкории анҷумани ҳифзи Қуръони минтақаи Риёз (Ал-Макнун) ва бахши диҷитоли Вазорати иртиботот ва фановарии иттилооти Арабистон ва ҳамчунин бунёди миллии Мутъаб ибини Абдулазиз рӯзи якшнбе 31 декабр оғоз шуд. Дар ин рӯйдод рақобатҳо барои интихоби беҳтарин барномаҳои қуръонӣ анҷом хоҳад шуд. Доварӣ миёни ширкаткунандагон дар 27 январ анҷом ва баргузидагон дар тайи маросиме дар 11 феврал муаррифӣ хоҳанд шуд. ҷавоизи ихтисос ёфта ба баргузидагон болиғ бар 500 ҳазор риёли саудӣ аст.
Ҳадаф аз баргузории ин рӯйдод, ташвиқи навоваре дар заминаи барномаҳо ва платформҳои нармафзорӣ ихтисос ёфта ба Қуръон ва истифода аз фановариҳои нав монанди ҳуши маснуъӣ, воқеияти маҷозӣ афзуда, интернети чизҳо ва дигар фановариҳои веб унвон шудааст ва ҳамчунин гурӯҳҳои ширкаткунанда дар ин рӯйдод дар коргоҳҳои фаннӣ ва омӯзишӣ низ ширкат хоҳанд кард ва аз пуштибонии фаннӣ баҳраманд хоҳад шуд.
Маҷмӯъи ҷавоизи ихтисос ёфта ба баргузидагони ин рӯйдод болиғ бар ним миллион риёл саудӣ аст, ки аз ҷониби бунёди миллии Мутъаб ибини Абдулазиз таъмин шудааст ва дар ростои талоши ин бунёд барои тақвияти фаъолитҳои қуръонӣ аз тариқи сармоягузорӣ дар фазои диҷитол ва эҷоди бистарҳо ва барномаҳои қуръонии ҷадид барои Қуръони Карим бо истифода аз охирин фановариҳо ва ҳамчунин сармоягузорӣ дар ҳавзаи истеъдодҳои инсонӣ дар бахши фановариҳои модерн сурат гирифтааст. Иртиқои салоҳиятҳои илмии ҷавонон ва истифода аз ин истеъдодҳо дар ростои аҳдофи тавсеа низ аз дигар аҳдофи ҳимояти молӣ аз ин рӯйдод унвон шудааст.
Дар солҳои ахир талошҳои бисёре барои истифода аз фановариҳои нав дар заминаи омӯзиш ва тиловати Қуръони Карим сурат гирифтааст.