IQNA

Фарқи Ислом ва имон чист?

21:24 - January 06, 2024
рақами хабар: 915
ИКНА «Ислом» шакли зоҳирии қонунӣ дорад, ва ҳаркас шаҳодатайнро бар забон ҷорӣ кунад дар зумраи мусулмонон ворид ме‏шавад ва аҳкоми Ислом бар ӯ ҷорӣ ме‏гардад вале имон як амри воқеӣ ва ботинӣ аст ва ҷойгоҳи он қалби одамӣ аст, на забон ва зоҳири ӯ.

Тафовути Ислом ва имон чист? Тибқи ояти قالَتِ الْأَعْرابُ آمَنَّا قُلْ لَمْ تُؤْمِنُوا وَ لكِنْ قُولُوا أَسْلَمْنا وَ لَمَّا يَدْخُلِ الْإِيمانُ فِي قُلُوبِكُمْ ... (Ҳуҷурот / 14) тафовути «Ислом» ва «имон», дар ин аст, ки «Ислом» шакли зоҳирии қонунӣ дорад, ва ҳаркас шаҳодатайнро бар забон ҷорӣ кунад дар зумраи мусулмонон ворид ме‏шавад ва аҳкоми Ислом бар ӯ ҷорӣ ме‏гардад вале имон як амри воқеӣ ва ботинӣ аст ва ҷойгоҳи он қалби одамӣ аст, на забон ва зоҳири ӯ.

Фард барои «Ислом» овардан мумкин аст ангезаҳои мухталифе дошта бошад, ҳатто ангеза‏ҳои модӣ ва манофеи шахсӣ, вале «имон» ҳатман аз илм ва ангезаҳои маънавӣ сарчашма мегирад; Чунонки Паёмбари Ислом (с) фармудаанд: الْإِسْلَام عَلَانيَة وَالْإِيمَان فِي الْقلب: “Ислом амри ошкоре аст, вале ҷойи имон дил аст” (Маҷмаул-Баён, ҷ9, саҳ 138). Ҳамчунин дар баъзе дигар аз ривоятҳо омадааст, ки мафҳуми «Ислом» мунҳасир ба иқрори лафзӣ шумурда шуда, дар ҳоле, ки имон иқрори бо амал муаррифӣ шудааст (Кофӣ, ҷ2, саҳ 24).

Имон бо Ислом шарик аст, аммо Ислом бо имон шарик нест. Ба таъбири дигар ҳар мӯъмине мусулмон аст вале ҳар мусулмоне мӯъмин нест. «Имон» он аст, ки дар дил сокин шавад, аммо «Ислом» чизе аст, ки қавонини никоҳ ворис ва ҳифзи хун бар тибқи он ҷорӣ ме‏шавад (Кофӣ, ҷ2, саҳ 24).

Баргирифта аз тафсири Намуна, ҷ22, саҳ 210

captcha