Сураи Нисо дар «Мадина» нозил шуда ва 176 оят аст ин сура дар Қуръони Карим чаҳорумин сура ва дар ҷузъи чаҳорум то шашуми Қуръон ҷой гирифтааст, аммо аз назари таърихӣ наваду дувумин сурае аст, ки бар Паёмбар(с) нозил шудааст.. Номи ин сура «Нисо» ба маънои занон аст. Ин сура бо сифориш бар тақвои илоҳӣ оғоз шуда ва бо таваҷҷуҳ ба инки баҳсҳои фаровоне дар мавриди аҳкоми занон омада, ба ин унвон номида шудааст.
Мӯҳтавои сура
Баҳсҳои мухталифи ин сура ба шакли мухтасаре иборатанд аз:
Дар фазилати тиловати ин сура, ривояте аз Паёмбари Ислом (салаллоҳу алайҳи ва олиҳ) нақл шудааст, ки фармуданд: «Ҳар кас сураи Нисоро бихонад, гӯё ба андозаи ҳар мусулмоне, ки тибқи мафодди ин сура ирс мебарад, дар роҳи Худо инфоқ кардааст ва ҳамчунин подоши касеро, ки бардаеро озод карда ба ӯ медиҳанд».
Равшан аст дар ин ривоят ва дар тамоми ривояти мушобеҳи он, манзур танҳо хондани оёти нест, балки хондани муқаддимае аст барои фаҳм ва дарк, ва он низ ба навбаи худ муқаддимае аст барои пиёдасохтани он дар зиндагии фардӣ ва иҷтимоӣ.